Дар сафорат гуфтанд, аз мушкили муҳоҷирон дар марзи Узбекистон огоҳанд

Чоращои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Узбекистон
Чоращои пешгирӣ аз сирояти коронавирус дар Узбекистон

Мақомоти cафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфтанд, ки дар бораи банд мондани даҳҳо шаҳрванди кишвар дар марз бо Узбекистон хабар доранд. Як мақом дар сафорати Тоҷикистон рӯзи 16-уми март бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар ин робита кор карда истодаем", вале шарҳ надод, ки чӣ кор.

Мақомоти дигари Тоҷикистон то ҳол дар ин масъала изҳори назар накардаанд ва муҳоҷирон мегӯянд, ҳамчунон дар марз истодаанд.

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони тоҷик рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳангоми бозгашт аз Русия дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармондаанд ва наметавонанд ба ватан баргарданд. Узбекистон рӯзи душнбе бо ҳадафи пешгирӣ аз сирояти коронавирус марзҳои худро ба рӯйи хориҷиён баст.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ин иқдом ногаҳонӣ буд ва онҳо бо зану кӯдаконашон соатҳо боз дар сарҳад банд мондаанд.

Баста шудани марзҳои Узбекистон ҳамчунин он гуруҳи муҳоҷирони тоҷикро нигарон кардааст, ки барои бозгашт ба ватан билети ҳавопаймо ба Тошканду Самарқандро харидаанд.

Бо сабаби гаронии нархи билет дар Тоҷикистон солона даҳҳо муҳоҷири тоҷик ба воситаи шаҳрҳои Узбекистон ба ватан бармегарданд.

Аммо ин гуруҳи муҳоҷирон мегӯянд, намедонанд, ки оё онҳоро аз фурудгоҳҳои Узбекистон ба берун роҳ медиҳанд ё не.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон