ИЗҲОРОТИ МАPЗБОНҲОИ ТОҶИК: ВАЗЪ ДАР ВОРУХ МУРАККАБ БОҚӢ МЕМОНАД

 

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон шоми 14 март бо нашри як изҳорот гуфт, вазъ дар марз бо Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад. Қӯшунҳои марзбонӣ тасдиқ карданд, ки рӯзи 14 март аз тири марзбонони қирғиз Расулиддин Тешаев, сокини 37-солаи маҳаллаи Тидори ҷамоати Ворух ба ҳалокат расида, Ҳайдаров Ансориддини 16-сола аз дасти чапаш тир хӯрдааст. Рӯзи 13 март низ Ҳусейн Ҳакимов, сокини 43-солаи деҳаи Хоҷаи Аъло аз захми тир ба ҳалокат расид. Ин дуюмин изҳороти марзбонони тоҷик дар рӯзи 14 март дар изҳороти аввал марзбонони тоҷик ҷониби Қирғизистонро айбдор карданд, ки якҷониба ба сохтани роҳи баҳсии Кӯктош-Оқсой -Тамдиқ оғоз карда, ба муноқиша роҳ кушоданд. Марзбонони тоҷик ҳамчунин Роза Усарова, раиси деҳаи Оқсойро айбдор карданд, ки "аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.

 

Изҳороти Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

 

14 марти соли 2019 шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон, сокинони деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд, ки дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара қарор доштанд, монеи гуфтушуниди ҳайатҳо гардиданд.

Тахминан соати 15:30 дақиқа сокинони деҳаи Оқсойи ҶҚ, ки дар ҳудуди ҷамоати Ворух ҷамъ омада, роҳҳоро баста буданд, бе асос ба тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сангпартоӣ намуданд. Шаҳрвандони ҶТ маҷбур шуданд, ки аз худ дифоъ карда, ба сокинони вилояти Ботканд ҷавоб гардонанд. Сипас, сарҳадбонони мусаллаҳи қирғиз ба сӯи шаҳрвандони бесилоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тир холӣ намуданд. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ шаҳрванди ҶТ Тешаев Расулиддин Имомбоевич, соли таваллудаш 1982, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух, бинобар бардоштани ҷароҳати вазнин, ҳалок гардид.

Шаҳрванди дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдаров Ансориддин, соли таваллудаш 2003, сокини маҳаллаи Тидони ҷамоати деҳоти Ворух аз дасти чапаш ярадор шуда, дар беморхонаи минтақавии ҷамоати мазкур бистарӣ мебошад. Ҳамзамон, қирғизҳо ба манзили истиқоматии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайниева Мавлуда, соли таваллудаш 1970 ва Воҳидов Абдуманон, соли таваллудаш 1955, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух ҳамла намуда, ба онҳо осеби ҷисмонӣ расониданд.

Аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ва Қӯшунҳои сарҳадии ин кишвар ҳолатҳои дағалона вайрон кардани режими сарҳадӣ, итоат накардан ба сохторҳои марбути он давлат, ки боиси тавлиди ташаннуҷ, беназмӣ ва оқибатҳои хавфнок дар сарҳади давлатӣ мегардад, бараъло ба назар мерасад.

Маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ

 

БАҲСИ ВОРУХ ДАР ГУФТУГӮИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

 

Нимаи дуюми рӯзи 14 март президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳаводиси хунини Ворухро баррасӣ кардаанд. Қабл аз ин, айни мавзӯъро сарвазирҳои ду кишвар тавассути телефон дар миён гузоштанд. Дар ҷараёни муноқишаҳо дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки аз 13 март идома дорад, ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, аз ҳарду тараф ҳудуди 30 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Жеенбеков ба наздикони сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Ҳусейн Ҳакимов, ки рӯзи 13 март кушта шуд, изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ҳарду президент хостори тафтиши фарогири сабабҳои низоъи ахир ва ҳалли баҳсҳои марзӣ бо роҳҳои осоишта шудаанд.

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар гуфтугӯи телефонӣ президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков "масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал омадааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ин зимн Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд.Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон СооронбойЖеенбеков таъзияву тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, иброз дошт.

Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон дар иттилоияи расмиаш дар бораи ин гуфтугӯи телефонии ду президент менависад, "Сооронбой Жеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таъсиси комиссияи муштарак барои таҳқиқи холисона ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо дар оянда, ҳамчунин ба зарурати тезондани раванди музокирот ҷиҳати анҷоми таъйин ва аломатгузории марзҳо таъкид карданд. Сарони ҳарду давлат дар ин маврид, ки халқҳои ин ду кишвар, ки дар тӯли асрҳо муносибатҳои ҳамсоягӣ доштанд, бояд танзо дар сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд, ҳамфикр мебошанд.”

Гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Жеенбеков дар ҳоле сурат гирифт, ки нимаи дуюми рӯзи 14 март дар байни сокинони Ворух ва деҳаҳои қирғизнишин муноқишаи нав рух дода, ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷаи тирпарронӣ аз ҷониби сокинони мусаллаҳи Қирғизистон Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тирпарронӣ замоне рух дод, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Исфара Сиҷоуддин Саломзода барои музокирот дар Ворух қарор доштанд.

Ба гуфтаи сокинони Ворух, рӯзи 14 март, соати 15:10 ба вақти маҳаллӣ дар марзи маҳаллаи Тоҷикони Ворух бо деҳаҳои қирғизнишин дубора муноқиша сар зад. Сабаби муноқиша маълум нест, вале сокинони ба сӯи якдигар сангандозӣ кардаанд ва аз ҷониби Қирғизистон аз силоҳ низ истифода бурдаанд.

"Дар натиҷа Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расид. Ду нафари дигар захмӣ шудаанд,” – мегӯянд сокинони Ворух. Аз ҷониби Қирғизистон, бино ба хабарҳои расида, як корманди милиса ҷароҳат бардоштааст.

Рӯзи 13 март, дар рӯзи аввали муноқиша, Ҳусейн Ҳакимов, сокини 43-солаи деҳаи Хоҷаи Аъло аз тири камони шикорӣ ба ҳалокат расид. Ӯро субҳи 14 март ба хок супурданд.

Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар як изҳорот ҷониби Қирғизистонро дар муноқишаи ахир айбдор кард ва гуфт, ҷониби Қирғизистон бар хилофи протоколи имзошуда ба сурати якҷониба сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро аз сар гирифт, ки ин сабаби муноқиша шуд. Марзбонони тоҷик ҳамчунин Роза Усарова, раиси деҳаи Оқсойро дар даст доштан ба таҳрики муноқиша айбдор карданд ва гуфтанд, Усарова "аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.

Ҷониби Қирғизистон ҳафтаи гузашта сохтмони роҳи Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро аз сар гирифт. Бо сохтани ин роҳ сокинони деҳаҳои қирғизнишин имкон меёбанд, ки бидуни убури деҳаи Ворухи Тоҷикистон ба қисматҳои дигари ноҳияи Бодканд дастрасӣ пайдо кунанд.

Аммо ин роҳ тибқи нақша роҳи сокинони Ворух ба мазори барояшон муқаддаси Хоҷағор ё Ғорбоборо мебандад ва рӯзи 13 март сокинони Ворух ҷамъ омада, монеи анҷоми сохтмони роҳ шуданд. Дар муқобил сокинони деҳаҳои қирғизнишин низ гирди ҳам омаданд ва байни ду тараф сангандозӣ ва тирандозӣ сар шуд.

Дар ҷараёни муноқишаи рӯзи 13 март дар Ворух ва Хоҷаи Аъло як нафар кушта ва беш аз 20 кас захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон низ мегӯяд, чанд нафар аз сокинони деҳаҳои қирғизнишин низ ҷароҳат бардоштаанд.

Шаби гузашта чанд хона ва мошинҳои марбут ба сокинони деҳаҳои қирғизнишин дар марзи Исфара бо Бодкандро оташ задаанд. Сокинони деҳаҳои қирғизнишин инро кори дасти сокинони ҷамоати Чоркӯҳ ва деҳаи Хоҷаи Аъло мешуморанд.

Бо гузашти 27 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон то имрӯз аз 970 километр марзи мустақимашон танҳо чизе бештар аз 500 километрашро тавонистаанд таъйин ва аломатгузорӣ кунанд. Дар қисматҳои баҳсии марзи ин ду кишвар, бахусус дар марзи вилояти Бодканд бо Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт муноқишаҳо рух медиҳанд, ки гоҳо ба занозании байни сокинони ду тарафи марз ва дар чанд маврид ҳатто ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвар печидаааст.

24 декабри соли 2018 сохтмони як белхона дар қабристон дар марзи Бодканду Исфара низ боиси чунин як муноқишаи марзӣ шуда буд.

Ҷамоати Ворух бо беш аз 30 ҳазор аҳолӣ аз доғтарин нуқот дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон аст. Ин ҷамоат анклав (ҷазирақаламрав) буда, аз чор тараф дар дохили қаламрави Қирғизистон мондааст ва танҳо як роҳи мошингард Ворухро бо Хоҷаи Аъло – наздиктарин минтақаи аҳолинишин дар марзи Тоҷикистон мепайвандад.

 


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон