Чӣ гуна дар Намангон аз 400 автомашина арча сохтанд?

Кормандони раёсати маҳаллии нозироти бехатарии ҳаракат низ дар ин иқдом саҳм гузоштанд.

Бори нахуст дар таърихи Осиёи Марказӣ 400 автомашина дар сохтани арчаи бузург иштирок карданд. Ин иқдом бо ибтикори аъзои ҷамъияти “Ронандагони Намангон” сурат гирифт.

Раёсати маҳаллии нозироти бехатарии ҳаракат дар роҳ, натанҳо аз ин иқдом дастгирӣ намуд, балки дар сохтани рамзи асосии арча – ситора саҳм гузошт.

Қобили зикр аст, ки барои анҷоми ин иқдом 5 соат вақт лозим шуд.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон