ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БАРОИ ФОТИҲАХОНӢ БА МАНЗИЛИ ЯК ВЕТЕРАН РАФТ

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 декабр барои фотиҳахонӣ ба манзили як ветерани ҷанг рафт. Мадаминҷон Ҳасанов, ки сандуи "Нуронӣ”-ро роҳбарӣ мекард, рӯзи 22 декабр дар синни 95 аз олам чашм пӯшид. Мирзиёев дар манзили марҳум ба наздикони ӯ таъзия баён карда, ва ба ёд арвоҳи Мадаминҷон Ҳасанов даст ба дуо кушод. Соли гузашта низ Мирзиёев зимни сафари кориаш ба Бекобод вақте дар як ҳавли ҷамъи мардуми азодорро дид, корвони мошинҳояшро манъ карда, ба он манзил даромад ва ба арвоҳи марҳум дуо карда буд.

Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон бо нашри ду акс хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 декабр барои фотиҳахонӣ ба манзили Мадаминҷон Ҳасанов рафтааст.

Мадаминҷон Ҳасанов, собиқадори ҷанги дуюми ҷаҳон ва раҳбари Сандуқи "Нуронӣ” рӯзи 22 декабр дар синни 95 вафот кард.

Дар аксҳо дида мешавад, ки Шавкат Мирзиёев ба наздикони марҳум як-як таъзия баён карда, сипас баъди хондани як пора "Қуръон” аз ҷониби муллои маҳалла ба ёди арвоҳи Мадаминҷон Ҳасанов даст ба дуо кушод.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШавкатМирзиёев бори аввал нест, ки бо чунин иқдомҳои ғайриинтизораш ҳамаро дар ҳайрат мегузорадРӯзи 18 августи соли 2017Шавкат Мирзиёевки бо як сафари корӣ дар шаҳри бо Тоҷикистонҳаммарзи Бекобод қарор доштбаъди мулоқот бо фаъолони шаҳр ба таври ногаҳонӣ ба маросимидафни як сокини оддии ин шаҳр ташриф овард.

Гуфта мешавад, вақте корвони мошинҳои Мирзиёев аз яке аз маҳаллаҳои Бекобод убур мекардӯтаҷаммӯи мардуми азодор дар назди як хонаро дида, амр додааст, ки мошинҳоро манъ кунанд.

Маълум шуд, ки ҳамсари сокини Бекобод Мухтор Миркомилов бармаҳал вафот кардааст ва мардумбарои изҳори таъзия ба манзили ӯ омадаанд.

Шавкат Мирзиёев низ аз мошин пиёда шуда, ба ин манзил омад ва аз дастони Мухтор Миркомилов ва дигар наздикони марҳума гирифтаба ҳар кадоми онҳо якбаяк изҳори ҳамдардӣ кардСипас барӯҳи марҳума ояте аз Қуръон хонданд ва президент низ ба рӯҳи ин зан даст ба фотиҳа кушод.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин ба масъулон супориш додки ба ин хонавода ва бозмондагони зане, ки вафот кардааст, кумак расонанд.

Шавкат Мирзиёев, ки дар поёни соли 2016, дар пайи даргузашти раисиҷумҳури нахустиниУзбекистон Ислом Каримовба мақоми раҳбари аввали ин пураҳолитарин кишвари Осиёи Марказӣрасидбо берун рафтанаш аз чорчӯби протоколҳои расмӣ дар ҷараёни сафарҳои кории худ маъруф шудааст.

Ӯ бисёр вақт дар маҳалҳо масъулинро маҷбур мекунадки ӯро на корхона ё муассисаи барои боздидипрезидент тайёркардашудабалки ба ҷое барандки аслан барои истиқболи ӯ омода нестВаё дарними роҳ Мирзиёев корвони мошинҳояшро мегардонад ва вориди ягон корхонае мешавад, ки аслан дар протоколи сафари вай нест. Ҳамин таврМирзиёев бисёр вақт корвони мошинҳояшро дар ягонҷое ки мардум ҷамъ шудаанднигоҳ доштааз мошин пиёда мешавад ва бо мардуми оддӣ сӯҳбатирӯбарӯ мекунад.

Чунин расм хоси раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ нестДар Тоҷикистонбарои мисолаз чанд моҳпеш ба сафарҳои президент омодагӣ мегиранд ва ҳар қадами вай ва ҳамин тавррӯйхати онҳоеки бамулоқоти президент роҳ дода мешавандва онҳое ки бояд дар пеши президент сухан кунанд ва ҳаттоматни ин суханрониҳо аз пеш ҳамоҳанг карда мешавад.

Чанд сол пеш падари раиси як шаҳри Тоҷикистон иттифоқан чанд соат пеш аз оғози сафарипрезидент вафот карда будБо амри шаҳрдор бо шитоб бо экскаватор қабр кандаҷанозаи падарашросоати чори субҳ ба хок супурдандки ба барномаи сафари президент халал нарасонад.

Ин ҳодиса боиси сарусадои зиёди асосан маҳкумкунанда гардида буд. Вале ин "фидокорӣ ба он раискумак накард ва баъди чанд моҳи ин ҳодиса аз мақом барканораш кардандВақте аз як узви он вақтбаландпояи ҳукумати Тоҷикистон пурсидамки оё барканории ин раис бо он моҷарои дафнибошитоби ҷанозаи падараш рабт дорад?, ӯ маънидорона гуфт: "Президент ҳам мефаҳмадкиодаме ки охирин хидмати падарашро дуруст ба ҷо наовардба давлату ҳукумат ҳамхидмати дурусте намекунад.”

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон