БОЗДОШТИ СЕ ДОНИШҶӮИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ ПЕНЗА (3 АКС)

Аксҳо аз сомонаи раёсати корҳои дохилии вилояти Пенза

Се донишҷӯи тоҷик дар шаҳри Пензаи Русия бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дастгир шудаанд. Пулис мегӯяд, ҳангоми кофтукоб аз онҳо 60 грамм ҳероин ва аз 10 махфигоҳашон боз қариб як килои дигар аз ин навъи сахттаъсири маводи мухаддир ёфт ва мусодира кардаанд.

 

Раёсати корҳои дохилии вилояти Пензаи Русия рӯзи 16 ноябр хабар дод, ки дар ҷараёни як амалиёт се зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказиро дар маркази ин вилоят бо гумони даст доштан дар қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир дастгир кардаанд.

Намояндаи расмии пулиси вилояти Пенза дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” тасдиқ кард, ки ҳарсе дастгиршуда шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар якдонишгоҳи шаҳри Пенза таҳсил мекарданд.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати "Ахбор”, "ин се донишҷӯи аз 18 то 22-сола дар шаҳри Пенза дар як манзил иҷора менишастанд. Онҳо тақрибан ду ҳафта боз ба фурӯши маводи мухаддир машғул будаанд. Аз махфигоҳҳо дар ҳудуди вилояти Пенза маводи мухаддирро гирифта, дар манзили иҷораи худ ба бастаҳои хурд тақсим мекарданд ва сипас дар махфигоҳҳо мегузоштанд.”

Ҳангоми кофтукоб аз ин се донишҷӯи тоҷик 60 грамм маводи сахттаъсири ҳероин пайдо кардаанд. Тафтиши телефонҳои мобили ин донишҷӯён боз 10 махфигоҳи дигарро ошкор кардааст, ки дар ҳар кадомаш 100-граммӣ ҳероин пинҳон карда шуда буд.

Намояндаи пулиси Пенза гуфт: ”Дар маҷмӯъ аз ин се нафар як кило ҳероин ёфт ва мусодира карда шуд. Ба зидди онҳо бар асоси моддаи 228.1-и Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Бар асоси ин банди қонун, ба ин се донишҷӯи ҳамакнун собиқ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар ҳоли ҳозир ҳарсеро барои ду моҳ ба ҳабс гирифтаанд.”

Донишҷӯёни тоҷик дар ҷараёни бозпурсӣ бо изҳори пушаймонӣ гуфтаанд, ба хотири таъмини хароҷоти зиндагӣ ва таҳсилашон дар Пенза даст ба ин кор задаанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон – як макони асосии тавлиди ҳероину афюн ва ҳашиш – қариб 1400 километр марзи мустақим дорад, дар солҳои охир ба як масири умдаи қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра ва асосан ба Русия табдил ёфтааст.

Дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия беш аз 8 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан сеяки онҳо бо ҷиноятҳои марбут ба

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон