ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ УЗБЕКҲО ДАР БОЗОРИ НИЖНИЙ ТАГИЛ

Бозори "Сутник"-и Нижний Тагил

 

 

Шоми 25 октябр дар бозори "Спутник” (собиқ "бозори хитоӣ”)-и шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловски Русия байни муҳоҷирони тоҷику узбек занозанӣ шудааст. Нирӯҳои ОМОН дар пайи ин занозанӣ 17 нафарро дастгир кардаанд. Дар як ҳафтаи охир ин алакай дувумин занозанӣ бо ширкати муҳоҷирони тоҷик дар Русия аст.

 

Полковник Валерий Горелих, сухангӯи пулиси вилояти Свердловск рӯзи 26 октябр дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” занозании байни муҳоҷирони тоҷику узбек дар бозори Нижний Тагилро тасдиқ кард. Ба гуфтаи Горелих, нирӯҳои ОМОН ба ҷои ҳодиса омада, тарафҳои даргирро ҷудо кардаанд: "Занозанӣ дар заминаи як баҳси оддӣ сурат гирифтааст, вале агар нирӯҳои пулис ва ОМОН дахолат намекарданд, муноқиша метавонист хеле бузург шавад. Аз ҷои ҳодиса 17 нафарро дастгир карда, ба шӯъбаи 17-уми пулиси Нижний Тагил оварданд. Ҳоло онҳо таҳти бозҷӯӣ қарор доранд. Сабаби муноқиша дар рафти тафтиш рӯшан карда хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи шоҳидон, шоми 25 октябр дар тавқифгоҳи бозори "Спутник”, ки дар заминаи собиқ "бозори хитоӣ” сохта шудааст, зодагони Тоҷикистону Узбекистон аз гиребони якдигар гирифтаанд. Танҳо баъди омадани нирӯҳои ОМОН муяссар шудааст, ки ин занозаниро фурӯ нишонанд.

Сухангӯи пулиси Свердловск мегӯяд, як зане ки мехост тарафҳоро ҷудо кунад, аз дасташ захмӣ шудааст ва ӯро ба бемористон бурдаанд.

Тафсилоти дигари занозанӣ дар бозори Нижний Тагил маълум нест.

Нижний Тагил бо 350 ҳазор аҳолиаш яке аз марказҳои саноатии вилояти Свердловск ва минтақаи Урали Русия ба шумор меравад. Дар ин шаҳр ва атрофи он садҳо муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ, асосан аз Тоҷикистону Қирғизистон кору зиндагӣ мекунанд.

Занозаниҳо байни муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои мухталиф дар Русия дар ин авохир зиёд рух медиҳад. Аз ин қабл дар бораи чандин занозаниҳои гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбек ва қавмҳои дигар низ гузориш шуда буд.

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирони кориро пеш аз ҳама ба мушкилоти иқтисодии Русия ва тангтар шудани шароити бозори кори ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, аз ҷумла кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.

Аз ҷумла шоми 19 октябр соати тақрибан 19 дар кӯчаи Кантемировская дар минтақаи Тсаритсино дар ҷануби шаҳри Маскав ҳудуди 20 коргари як ширкати роҳсозӣ аз Тоҷикистону Арманистон бо ҳамдигар занозанӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин занозанӣ як нафар ҷароҳат бардошта ва пулис 5 тан аз иштирокдорон – ду шаҳрванди Тоҷикистон, ду шаҳрванди Арманистон ва як зодаи Гурҷистонро дастгир кардааст.

 

Аз он пеш рӯзи 7 август дар фурӯшгоҳи "Садовод” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав байни тоҷирони тоҷику арманӣ занозании гурӯҳие сурат гирифт, ки камокон як соат давом кард. Ин муноқиша баъди дахолати раҳбарони бонуфузи арманиҳову тоҷикҳо анҷом ёфт.

Дар ҳамон моҳи август гузориш шуда буд, ки дар як сохтмон дар шаҳри Маскав коргарони армании як ширкати роҳсозӣ баъди онки аз ин сохтмон ба болои онҳо халтаи сементро партофтанд, вориди бинои нимсохт шуда, коргарони тоҷикро латукӯб кардаанд.


 

Аммо аз ҳама занозании пурсарусадо байни муҳоҷирон занозании рӯзи 15 август байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бозори "Кузбасский”-и шаҳри Нижний Новгород буд. Дар ин занозанӣ, бино ба хабарҳо, аз ҳарду тараф 150-200 нафар ширкат кардаанд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки тарафҳои даргир ба зидди якдигар бо калтаку тахта ва бакляжкаву сангу ҳар чизе ки рост омад, ҳамла мекунанд.

Сабаби ҷанҷол ба гунаи мухталиф тафсир мешуд. Бархе манобеъ мегӯянд, ки паст кардани нарх ва задани савдои якдигар сабаби аз гиребони ҳам гирифтани тоҷирони тоҷику озарӣ шудааст. Ба гуфтаи як манбаи дигар, муноқиша ибтидо байни як тоҷири озарӣ ва як харидори узбек бархостааст ва ин узбек ба ҳимоят аз худаш тоҷикҳоро даъват кардааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон