АРӮС АЗ МАСКАВ (ВИДЕО)

 

 

 

Нурсултон, як ҷавони 23-сола аз вилояти Ҷалолободи Қирғизистон имсол аз муҳоҷирати корӣ аз шаҳри Маскав бо арӯси нозанини русаш баргашт. Кристина, ки 19 сол дорад, ончунон ба ҷавони қирғиз дил бохтааст, ки Исломро қабул карда, зиндагӣ дар Маскавро ба як авул иваз кард ва ҳоло ҳар субҳ ҳавлӣ мерӯбаду дар дегдони қирғизӣ барои Нурсултонаш нон мепазад.

 

Нашрияи қирғизии "Турмуш”дар як гузориши видеоӣ дар бораи як ҷуфти ҷавон аз ноҳияи Сӯзаки вилояти Ҷалолобод қисса кардааст.

Нурсултон Шамилбек уулуи 23-сола аз Маскав арӯс овард ва тӯяшро бо риояи суннатҳои қирғизӣ дар деҳа доир кард.

Нурсултон дар шаҳри Маскав ҳангоми муҳоҷирати корӣ дили Кристинаи 19-соларо ба даст овард ва Кристина ба ин ҷавон он чунон дил бохт, ки аз баҳри ҳама хубиву неъмати зиндагӣ дар пойтахти Русия гузашт ва аз паси Нурсултон ба Сӯзак омад.

Нурсултон мегӯяд, падару модараш, ки дар Сахалин кор мекарданд, баъди шунидани хабари ишқи онҳо, ба Маскав омада, бо риояи ҳама расму русуми қирғизӣ ба хонаи арӯс рафтанд ва ӯро хостгорӣ карданд. Волидони Нурсултон – Шомилбек Чодоев ва Ойҷон Исроилова - тибқи ин русум ба гӯши Кристина гӯшвор андохта, ба падари модари вай қалин ё пули маҳр ҳам доданд.

Нурсултон ва Кристина дар поёни моҳи сентябр аз Маскав ба Қирғизистон омаданд. Дар инҷо модари Нурсултон ба сари келинаш боз ҳам бо риоияи расму русум оқ жоолуқ (рӯймоли сафед) партофт. Кристина дини Исломро қабул кард ва номи дуюмаш Одила шуд. Ӯ ҳамчунин тасмим гирифтааст, исми хонаводагиашро низ ба Шомилбекова иваз кунад.

Шомилбек ва Ойҷон мегӯянд, барояшон намояндаи миллати дигар будани Кристина аҳамияте надорад, балки ӯ тавонистааст бо ақлу заковат ва кордӯстии худ алакай дар дили онҳо ҷо бигирад. Модари Нурсултон мегӯяд, ки келинаш ҳар субҳ барвақт аз хоб хеста, ҷавлиро ҷорӯб мезанад ва сипас хонаро ҷамъу гир карда, барои наҳорӣ дастурхон меандозад. Ду рӯз пеш Кристина барои бори аввал дар дегдони қирғизӣ ҳатто нон пухтааст.


Нурсултон мегӯяд, бо Кристина ҳанӯз 4 сол пеш шинос шуда буд, вале танҳо имсол ба қароре омаданд, ки издивоҷ кунанд. Тӯйи арӯсии онҳои тоза рӯзи 19 октябр дар яке аз тарабхонаҳои Ҷалолобод доир шуд.

Кристина, ки алакай канда-канда ба қирғизӣ ҳарф мезанад, мегӯяд, ба ӯ расму русуми қирғизҳо бахусус оқ жоолуқ (андохтани рӯймоли сафед ба сари арӯс) ва жугунуу (таъзим кардани арӯс) хеле хуш омадааст. Ӯ ҳоло талош дорад, дӯшидани говро ёд бигирад.

Кристина ҳамин тавр, алоқаи хосе ба аспсаворӣ нишон медиҳад. Нурсултон мегӯяд, ки Кристина бори аввал дар рӯзи арӯсиашон савори асп шуд, вале алакай рӯи зин нишаставу мустақилона аспсаворӣ карда метавонад.

Нурсултон 4 бародару хоҳар дорад. Кристина ҳам бо вуҷуди онки аз шаҳри Маскав аст, 5 бародар ва хоҳар доштааст.



назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон