ВИДЕОИ ЗАНОЗАНИИ ТОҶИКҲОВУ АРМАНИҲО ДАР МАСКАВ

 

Матбуоти Русия видеои занозании шоми 19 октябр байни арманиҳову тоҷикҳо дар шаҳри Маскавро нашр кард. Дар пайи он занозанӣ дар кӯчаи Кантемировская пулис ду муҳоҷири тоҷик, ду арманӣ ва як зодаи Гурҷистонро боздошт кардааст.

 

Шабакаи телевизионии "Пятый канал”-и Русия видеои лаҳзаи занозании тоҷикҳову арманиҳо дар кӯчаи Кантемировскаяи шаҳри Маскавро дастрас ва нашр кард. Ин видео зоҳиран тавассути яке аз камераҳои назоратӣ сабт шудааст.

Дар видео дида мешавад, ки як гурӯҳ бо чӯбу бел ва ҳатто якеаш бо плитаи вазнини бетонӣ мусаллаҳ шуда, як гурӯҳи дигарро таъқиб мекунанд.

Бино ба хабарҳо, шоми 19 октябр, соати тақрибан 19 дар кӯчаи Кантемировская дар минтақаи Тсаритсино дар ҷануби шаҳри Маскав ҳудуди 20 коргари як ширкати роҳсозӣ аз Тоҷикистону Арманистон бо ҳамдигар занозанӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин занозанӣ як нафар ҷароҳат бардошта ва пулис 5 тан аз иштирокдорон – ду шаҳрванди Тоҷикистон, ду шаҳрванди Арманистон ва як зодаи Гурҷистонро дастгир кардааст.

 

Занозаниҳо байни муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои мухталиф дар Русия дар ин авохир зиёд рух медиҳад. Аз ин қабл дар бораи чандин занозаниҳои гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику узбек ва қавмҳои дигар низ гузориш шуда буд.

Аз ҷумла рӯзи 7 август дар фурӯшгоҳи "Садовод” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав байни тоҷирони тоҷику арманӣ занозании гурӯҳие сурат гирифт, ки камокон як соат давом кард. Ин муноқиша баъди дахолати раҳбарони бонуфузи арманиҳову тоҷикҳо анҷом ёфт.

Дар ҳамон моҳи август гузориш шуда буд, ки дар як сохтмон дар шаҳри Маскав коргарони армании як ширкати роҳсозӣ баъди онки аз ин сохтмон ба болои онҳо халтаи сементро партофтанд, вориди бинои нимсохт шуда, коргарони тоҷикро латукӯб кардаанд.


 

Аммо аз ҳама занозании пурсарусадо байни муҳоҷирон занозании рӯзи 15 август байни муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бозори "Кузбасский”-и шаҳри Нижний Новгород буд. Дар ин занозанӣ, бино ба хабарҳо, аз ҳарду тараф 150-200 нафар ширкат кардаанд.

Дар видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки тарафҳои даргир ба зидди якдигар бо калтаку тахта ва бакляжкаву сангу ҳар чизе ки рост омад, ҳамла мекунанд.

Сабаби ҷанҷол ба гунаи мухталиф тафсир мешуд. Бархе манобеъ мегӯянд, ки паст кардани нарх ва задани савдои якдигар сабаби аз гиребони ҳам гирифтани тоҷирони тоҷику озарӣ шудааст. Ба гуфтаи як манбаи дигар, муноқиша ибтидо байни як тоҷири озарӣ ва як харидори узбек бархостааст ва ин узбек ба ҳимоят аз худаш тоҷикҳоро даъват кардааст.


 

 


Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон афзоиши мавридҳои занозанӣ байни муҳоҷирони кориро пеш аз ҳама ба мушкилоти иқтисодии Русия ва тангтар шудани шароити бозори кори ин кишвар рабт медиҳанд. Онҳо мегӯянд, таъсири бӯҳрон, аз ҷумла кам шудани теъдоди ҷойҳои кории маошашон беҳтар боиси афзоиши рақобат байни гурӯҳҳои мухталифи муҳоҷирон шудааст ва онҳо барои ҳифзи ҷои кори худ ва роҳ надодани гурӯҳҳои рақиб тайёранд ба сари якдигар ҳатто мушт бардоранд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон