расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АМРИКО БАРОИ УКРАИНА ҚАРИБ 61 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР КУМАК ҶУДО КАРД

Асосӣ / Ҷаҳон

АМРИКО БАРОИ УКРАИНА ҚАРИБ 61 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР КУМАК ҶУДО КАРД

АМРИКО БАРОИ УКРАИНА ҚАРИБ 61 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР КУМАК ҶУДО КАРД
Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико рӯзи 20 апрели соли 2024 бастаи иборат аз 95 миллиард доллар кумакҳо барои Украина, Исроил, Тайван ва дигар муттаҳидони Иёлоти Муттаҳида дар ҳавзаи уқёнусҳои Ҳинду Оромро тасдиқ кард. 
Аз ин 95 миллиард доллар 60 миллиарду 840 миллионаш барои Украина пешбинӣ гардида, аз ҷумла 23 миллиард доллараш барои харидории силоҳҳои амрикоӣ, 11 миллиардаш барои маблағгузории амалиётҳои ҳарбии Амрико дар Украина ва минтақа, аз ҷумла барои таълим додани ҳарбиёни украинӣ дар кишварҳои хориҷӣ ва таҳкими ҳузури нирӯҳои Амрико дар кишварҳои ҷабҳаи шарқии НАТО, қариб 14 миллиарди дигар барои харидории силоҳу дигар маҳсулоти ҳарбӣ равона гардида, Амрико ҳамчунин барои кумак ба иқтисоди Украина низ 7 миллиарду 850 миллион доллар қарз ҷудо мекунад. New York Times навиштааст, ки президенти Амрико ин қарзро метавонад бибахшад.
Баҳси бастаи ёриҳо ба Украина дар Конресси Амрико аз поёни соли 2023 қариб 5 моҳ боз идома дошт. Ҷумҳурихоҳон дар ивази ҳимояти худ аз ин бастаи кумакҳо таҳкими марз бо Мексика барои пешгирӣ аз вуруди беисти муҳоҷирон ба Амрикоро талаб доштанд. Бисёре аз силоҳҳои ҳаётан муҳим барои идома ҷанг, аз ҷумла мушакҳои дифои зиддиҳавоӣ (ПВО) ва тирҳои тӯпро Украина аз Амрико дарёфт мекард ва бино ба хулосаи Пажуҳишгоҳи мутолиоти ҷанг, қатъи ироаи кумакҳо аз ҷониби Амрико ба вазъ дар ҷабҳаи ҷанги Русияву Украина таъсир расонд: артиши Украина ба камбуди силоҳ дучор гардида, ба ақибнишинӣ маҷбур шуд ва Русия бо истифода аз чунин фурсат тавонист бархе нуқтаҳои аҳолинишинро ишғол кунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.