расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПУТИН ВА АРТИШИ РУСИЯРО ТАНҚИД МЕКАРД... ҲАБСИ ЯК ҚАССОБИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК

Асосӣ / Ҷомеа

ПУТИН ВА АРТИШИ РУСИЯРО ТАНҚИД МЕКАРД... ҲАБСИ ЯК ҚАССОБИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК

ПУТИН ВА АРТИШИ РУСИЯРО ТАНҚИД МЕКАРД... ҲАБСИ ЯК ҚАССОБИ ТОҶИК ДАР НОВОСИБИРСК

Додгоҳи ноҳияи Калинини шаҳри Новосибирски Русия рӯзи 3 апрели соли 2024 дархости тафтишотро қонеъ сохта, шаҳрванди Тоҷикистон Далерҷон Очиловро қонеъ сохт ва ӯро то 1 июни соли 2024 ба ҳабси пешакӣ гирифт. Далерҷон Очилов ба авбошӣ ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи ҷанги Русия ба зидди Украина айбдор мешавад. Боздошти ӯ бар асоси шикояти як қассоби дигари бозори Новосибирск сурат гирифт.
Бо вуҷуди он, ки муаллифи шикоят нисбат ба қассоби тоҷик ҳамчун рақиб ғарази шахсӣ дошт, ба шикояти ӯ раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро ба зидди муҳоҷирон ном баровардааст, таваҷҷуҳ нишон дод ва талаб кард, ки Далерҷон Очиловро ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Баъди ин “амр аз болои боло” ба зидди қассоби тоҷик бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 213, қисми 1 (авбошӣ) ва моддаи 207, иловаи 3, қисми 2 (паҳн кардани маълумоти бардурӯғ дар бораи амалҳои артиши Русия) парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Ҳоло дар Русия ҳатто барои онки ҷанги зидди Украинаро на “амалиёти махсуси ҳарбӣ”, балки ҷанг ном баред, метавонанд ба зидди шумо парванда кушоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.