расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Тарма роҳи Душанбе – Хуҷандро барои чанд соат баст

. / Ҳаводис

Тарма роҳи Душанбе – Хуҷандро барои чанд соат баст

Субҳи имрӯз, 14-уми март, дар роҳи Душанбе - Хуҷанд тарма фаромад ва боиси баста шудани ин масир гардид. Дар ин бора ширкати IRS хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар километри 80 - уми роҳи Душанбе  - Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ду тармаи калон фаромад.
“Паҳноии тармаҳо зиёда аз 100 метр ва баландиашон то 6 метр буда, барои бартараф намуданашон фавран техникаҳои намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон сафарбар гардиданд”, - навиштааст IRS.
Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд.
Бо гузашти чанд соат ширкати IRS боз ҳам дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки роҳ аз тарма тоза ва боз гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.