Муҳоҷиронро дар Русия ба ҷойи ихроҷ ҷарима мекунанд

Думаи давлатии Русия рӯзи 22 декабр қонуни “авф”-и муҳоҷирони кориро тасвиб кард, ки тибқи он, дар бархе аз минтақаҳои ин кишвар, аз ҷумла шаҳр ва вилояти Маскав, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барои қоидавайронкунии муҳоҷирони корӣ, ба ҷойи ихроҷ ё депортатсия, ҷаримаи 7-ҳазор рублӣ пешниҳод мешавад.

Ба иттилои расонаҳои русӣ, барои бори аввал вайрон кардани қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия, шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ нашуда, танҳо ба маблағи 7 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд. Аммо тибқи ин санад, дар сурати такрори чунин қоидавайронкунӣ, ихроҷ ё «депортатсия» онҳоро интизор аст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон