ОШПАЗИ ГУРҶӢ МАРДИКОРИ ТОҶИКРО КУШТ


Ошпази 44-солаи як тарабхонаи Маскав бо иттиҳоми қатли як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон дастгир шудааст. Шаби 5 июл муҳоҷири тоҷик барои гирифтани пули кораш ба пеши ин ошпаз омад, вале ба ҷои пул аз дилаш корд хӯрд.

Раёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки ба зидди як марди 44-сола бар асоси қисми якуми моддаи 105-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Тафтишот мегӯяд, ин мард шаби 5 июл дар наздикии истгоҳи метрои "Площадь Ильича” дар заминаи "хусумати шахсии ногаҳон бавуҷудомада” ба синаи як марди шиноси 45-солааш як зарбаи кор задааст. Марди захмиро билофосила ба бемористон фиристодаанд, вале зарбаи корд он қадар чуқур буд, ки ӯ дар роҳ дар мошини "Ёрии таъҷилӣ” ҷон додааст.

Манобеи наздик ба тафтишот мегӯянд, ин марди кордзан, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, зодаи Гурҷистон буда, дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба ҳайси ошпаз кор мекард. Аммо қурбонии ҳамлаи ӯ шаҳрванди Тоҷикистон буда, сабаби "хусумати шахсии ногаҳон бавуҷудомада”, ки бо марди ин муҳоҷири тоҷик анҷомид, баҳси пулист.

Гуфта мешавад, ин ошпази гурҷӣ мардикорони тоҷикро тавассути ин шиноси тоҷикистониаш барои тармими хонаву бӯстонсарояш киро карда буд ва шаби 5 июл бояд пули корашонро медод. Вале ҳангоми ҳисобу китоб бар сари маблағе ки бояд пардохт мешуд, байни онҳо баҳс сар задааст, чунки ошпази гурҷӣ ба мардикорон бо баҳонаи ин ки корро хуб иҷро накарданд, пули аз қарордод хеле камтар доданӣ шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, қотил то замони анҷоми тафтишот дар боздошт хоҳад монд. Ба ӯ бар асоси қисми аввали моддаи 105 аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба далелҳои мухталиф вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Русия то 3 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Фалокатҳо дар ҷои кор, ҳодисаҳои нохуше, чун садамаҳои нақлиётӣ аз ҷумлаи сабабҳои умдаи марги шаҳрвандони тоҷик дар ин мулки мусофират гуфта мешавад. Вале ҳар сол қариб то 100 муҳоҷири тоҷик дар Русия бо марги маҷбурӣ, яъне куштор тарки ин дунё мекунанд.

Мисли ин марди 45-сола, ки барои рӯёндани пули мардикорони тоҷик рафта буд, вале ба ҷои пул ба қалбаш як зарбаи муҳлики корд заданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон