расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚОТИЛИ ДУХТАРЧАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД

Асосӣ / Муҳоҷир

ҚОТИЛИ ДУХТАРЧАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД

ҚОТИЛИ ДУХТАРЧАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БА ҲАБСИ УМРБОД МАҲКУМ ШУД
Додгоҳи таҷдиди назар ё кассатсионӣ дар Русия рӯзи 13 сентябри соли 2023 дар пайи баррасии дигарбораи парвандаи  сокини шаҳри Серпухови вилояти Маскав Александр Сёминро бо ҷурми таҷовуз ва қатли ваҳшиёнаи  духтарчаи панҷсолаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Додгоҳи вилояти Маскав 15 марти соли ҷорӣ Сёминро ба 24 соли зиндони низомаш сангин маҳкум карда буд, вале ин ҳукм наздикони Ҳувайдо, аз ҷумла падараш Абдусалом Саидовро, ки барои қотили духтараш ҳабси умрбод талаб дошт, норозӣ боқӣ гузошт.
 Адвокати ҷабрдидаҳо Шавкатҷон Умаров хабар дод, ки дар додгоҳи кассатсионӣ адвокати Сёмин раҳоии ӯро талаб кардааст, вале тарафи ҷабрдида ва ҳамчунин айбдоркунандаи давлатӣ хостори ҷазои сангинтар барои қотил шуданд. Дар ниҳоят додгоҳ ба қароре расид, ки Сёминро ба ҳабси умрбод маҳкум кунанд.
 Адвокатҳои Сёмин тайи 5 соли тафтишот ва мурофиаҳои додгоҳӣ аъмоли ӯро бо ин тавҷеҳ карданӣ мешаванд, ки ӯ гӯё бемори рӯҳист ва ба табобат ниёз дорад, на ба ҳукми зиндон.
Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо Тиллозода, гуфтааст, ки қотили фарзандаш акнун ҷазои сазовор гирифт ва ӯ фикр мекунад, ки “акнун рӯҳи духтарам шод шуд”. Ӯ ба ҳамаи ҳамватанон барои пуштибониашон аз хонаводаи онҳо дар тӯли ин 5 сол изҳори сипос кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.