расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ВАКИЛИ МАРДУМ ВА РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲМОЙ БАРОИ РИШВА

Асосӣ / Ҷомеа

5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ВАКИЛИ МАРДУМ ВА РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲМОЙ БАРОИ РИШВА

5 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ВАКИЛИ МАРДУМ ВА РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲМОЙ БАРОИ РИШВА
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Паҳлавӣ» №23 ва раиси пешини ҷамоати Деҳмой барои рӯйпӯш кардани қонуншиканӣ пора гирифта, дар натиҷа тибқи қонун ҷазо гирифт.  Шараф Аваззода, сардори раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар нишасти матбуотиаш гуфт, Рустамзода Қумринисо моҳи ноябри соли 2022 ҳолати нақзи муқаррароти Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимро аз ҷониби шаҳрванд Рустамов А.Р. ҳангоми баргузории тӯйи хонадоршавии фарзандаш ошкор мекунад. Баъдан Рустамзода Қумринисо рӯзи 26-уми ноябри 2022 аз шаҳрванд Рустамов А. барои чашм пӯшидан аз ин қонуншиканӣ ва озод кардани номбурда аз ҷавобгарии маъмурӣ ба сифати пора маблағи 3200 сомониро талаб карда мегирад.
Dар робита ба ин ҳолат моҳи декабри соли 2022 нисбат ба Рустамзода Қумринисо бо моддаи 319, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва пас аз итмоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол  шуд. Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Рустамзода Қумринисо барои содир кардани ҷинояти болозикр (гирифтани пора) гунаҳгор дониста шуда ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.