расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Афғонистон мегӯяд, Тоҷикистон содироти барқро дубора оғоз мекунад

Сиёсат / Ҷаҳон

Афғонистон мегӯяд, Тоҷикистон содироти барқро дубора оғоз мекунад

Ширкати "Брешно"-и Афғонистон мегӯяд, Тоҷикистон эълони омодагӣ кардааст, ки содироти барқи худро ба Афғонистон дубора оғоз мекунад. Мақомоти тоҷик низ иттилоъро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд каму зиёд шудани ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон аз боду ҳаво бастагӣ дорад.
Муҷтабо Ҳушманд, мушовири барномаҳои ширкати "Брешно" рӯзи шанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҷониби Тоҷикистон ҳафтаи гузашта ваъда додааст, ки содироти барқи худро ба Афғонистон оддӣ месозад.
Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи июл эълон кард, ки дар пайи шадидан кам шудани сатҳи об дар обанбори Норак, маҷбур шудааст содироти барқро ба хориҷа аз ҷумла ба Афғонистон коҳиш диҳад. Дар пайи ин тасмими ҳукумат, ширкати "Брешно" гуфта буд, Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон то 90 дарсад кам кардааст.
Муҷтабо Ҳушманд, мушовири барномаҳои ширкати "Брешно" рӯзи шанбеи 5-уми сентябр гуфт, содироти барқи Тоҷикистон аз 150 мегават ба камтар аз 50 мегават коҳиш ёфта буд. Ин масъули ширкати "Брешно" афзуд, акнун Тоҷикистон барои содироти комили 150 мегават барқ эълони омодагӣ кардааст.
Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" мегӯянд, зиёд ё кам кардани ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон ба вазъи обу ҳаво ва сатҳи об дар обанбори Норак вобаста аст.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дар як шабонарӯз ин ширкат ба Афғонистон то 53 мегаватт ё қариб 1 миллиону 300 ҳазор кВт. соат барқ интиқол медиҳад.
Ба таъкиди ин масъули ширкати "Барқи тоҷик", пешакӣ гуфта наметавонанд, ки интиқоли барқ ба Афғонистон чӣ қадар кам ё зиёд мешавад. "То бунёди обанбори Роғун вазъи таъминоти барқ аз обу ҳаво вобастагӣ дорад,"-афзуд сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик."
Дар вилояти Кобул, Нангарҳор, Лағмон, Лугар, Пактико, Парвон, Панҷшер, Каписо ва Бағлон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекунанд.
Ширкати "Брешно"-и Афғонистон дар ҳоле аз интиқоли дубораи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар хабар дод, ки ҳафтаи гузашта мақомоти тоҷик аз пур шудани обанбори Норак хабар доданд.
Ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи 3-юми сентябр гуфт, "обанбори Неругоҳи барқи обии "Норак"-манбаи асосии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд."
Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" қаблан гуфтанд, дар ним соли гузашта бештар ба таъмини "эҳтиёҷоти дохилӣ" бартарӣ доданд ва содироти барқ ба хориҷи кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 324 миллион киловат соат кам шуд. Ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар ин давра ба Афғонистон беш аз 546 миллион киловат соат ва ба Узбекистон беш аз 358 миллион киловат соат нирӯи барқ додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.