расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Путин гуфт, ба кишварҳои “ғайридӯст” газро бо рубл мефурӯшанд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Путин гуфт, ба кишварҳои “ғайридӯст” газро бо рубл мефурӯшанд


Раисҷумҳури Русия эълон кард, ки кишвараш аз ин пас барои фурӯши газ ба кишварҳои “ғайридӯст” фақат рубл, пули миллии Русияро қабул мекунад.
Владимир Путин рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, тасмими нав аз “ҳамин ҳафта” ба иҷро медарояд.
Вай ҳамзамон ваъда дод, ки интиқоли газ ба муштариҳои ин кишвар бар асоси қарордодҳои пешин идома хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Рейтерс” ба нақл аз як мақоми аршади Иттиҳоди Аврупо гузориш дод, ки мавзӯи пардохти рубл дар ивази дарёфти газ аз Русия мавриди баҳс аст.
Русия захираҳои бузургтарини гази дунёро дорад ва бисёре аз кишварҳо, аз ҷумлаи бахши аъзами Аврупо, ба вижа дар фасли зимистон ба ин газ ниёз доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.