расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Зиндагии берун аз қонун: чаро муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ мешаванд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Муҳоҷир

Зиндагии берун аз қонун: чаро муҳоҷирон дар Русия ғайриқонунӣ мешаванд


Коршинос гуфт, ки чӣ тавр набояд муҳоҷири ғайриқонунӣ шуд ва шаҳрванди хориҷӣ дар Федератсияи Русия чиро набояд фаромӯш кунад
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Аксари муҳоҷирон дар Русия ба далели дер тамдиди сабти ном ғайриқонунӣ мешаванд. Дар ин бора Юрий Московский, директори лоиҳаҳои Фонди "Добрососедство" оид ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии 360 хабар дод.
"Агар шумо сабти будубошро як рӯз ба таъхир андозед, аллакай ғайриқонунӣ ҳастед, ин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, як тоифаи дигари муҳоҷирон вуҷуд дорад, ки аксар вақт бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ омехта мешавад. Инҳо шаҳрвандони хориҷие ҳастанд, ки дар кишвар қонунӣ ҳастанд, вале бидуни қайд кор мекунанд.
Бештари вақт чунин шаҳрвандон тавассути хатти "90-180" ба Федератсияи Русия меоянд. Асосан инҳо муҳоҷирони кишварҳои ИДМ мебошанд: ба онҳо иҷозат дода шудааст, ки дар Русия 90 рӯз дар тӯли 180 рӯз бимонанд.
Хориҷиён ангезаҳои шахсии худро ҳамчун ҳадафи будубош нишон медиҳанд, аммо дар асл онҳо барои кор ба сохтмонҳо ва ё дигар шуғлҳо меоянд, шарҳ дод Московский.
Дар ҳамин ҳол, вай таъкид кард, ки вуруди ғайриқонунӣ ба Русия тақрибан номумкин аст. Аксари муҳоҷироне, ки ба ин гурӯҳ дохил мешаванд ки расман вориди Федератсияи Русия шуданд, иҷозаи иқоматашонро тамдид накардаанд, мегӯяд коршинос.
Аммо чунин шаҳрвандон каманд ва ин масъаларо сохторхои дахлдор нағз назорат мекунанд.
Фаъолияти меҳнатии ғайриқонунӣ барои корфармоён фоидаовар нест. Барои як корманди бидуни ҳуҷҷат дар Маскав ва вилоят аз 400 ҳазор то 1 миллион рубл ҷарима месупоранд.
Коршинос таъкид кард, ки бархе аз муҳоҷирон бо маоши ҳадди ақал сабти ном шуда, сеяк ё ду ҳиссаи дигарро ба таври ғайриқонунӣ мегиранд. Аммо ин ба хадамоти андоз зуд маълум мешавад.
Бар хилофи эътиқоди маъмул, бисёре аз хориҷиён назар ба русҳо зиёдтар маош мегиранд, зеро онҳо омодаанд 15-16 соат кор кунанд. Барои ҳамин онҳо ба Русия омадаанд, хулоса кард Московский дар сӯҳбат бо "360".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.