расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ғанӣ аз охирин соатҳои ҳукмронӣ ва "фирор"-аш гуфт: бо худ пул нагирифтаам

. / Сиёсат

Ғанӣ аз охирин соатҳои ҳукмронӣ ва "фирор"-аш гуфт: бо худ пул нагирифтаам

Раисиҷумҳури собиқи Афғонистон пас аз моҳҳои хомушӣ баъди суқути Кобул ба дасти толибон фирораш аз ин кишварро шарҳ дод

Нахустин изҳороти оммавии Ашраф Ғанӣ дар мавриди охирин соатҳои ҳукуматдорӣ ва тарки Кобул карданаш дар гуфтугӯ бо генерал Ник Картер, раиси ситоди муштараки артиши Бритониё аз родиои Би-би-сӣ пахш шуд.

Ғанӣ дар ин мусоҳибааш гуфт, ки сабаби асосии рафтанаш пешгирии харобшавии Кобул буд, зеро аз ду самт толибон Кобулро иҳота карда буданд ва эҳтимоли бархурди шадиди харобиовар буд.

«Эҳтимолияти муноқишаи шадид байни онҳо хеле баланд буд ва шаҳри 5 миллион нафар дар хатари харобшавӣ қарор дошт. Субҳи он рӯз ба сарам наомад, ки нисфирӯзӣ аз кишвар берун меравам. Ба мо хабар доданд, ки гурӯҳи Ҳаққонӣ ваъда додааст, ки вориди Кобул нахоҳанд шуд. Аммо баъди ду соат ин тавр нашуд», — афзудааст .

Ғанӣ мегӯяд, аз ӯ хоҳиш карданд, ки ба ҳамкасбон, аз ҷумла мушовири Шӯрои амнияти миллӣ иҷоза диҳад, ки кишварро тарк кунанд ва онҳо якуним соат пеш аз рафтани ман рафтанд.

«Ман мунтазир будам, ки Бисмиллоҳхон (он вақт вазири дифоъ) ба ман занг зада гуфт, ки ҳама чиз аз байн меравад. Ин вақт буд, ки ман мехостам ба Вазорати дифоъ равам.Тақрибан 25 дақиқа интизор шудам, вале мошинҳо наомаданд. Пас аз он доктор Муҳиб (Ҳамдуллоҳ Муҳиб), мушовири Шӯрои амнияти миллӣ ва сипас раҳбари бахши муҳофизати президент ворид шуд ва гуфт, ки ҳама ниҳод пароканда шудааст ва агар ман барои мондан пофишорӣ кунам, ҳама кушта хоҳанд шуд», — гуфтааст Ғанӣ.

Собиқ раисиҷумҳур гуфт, дигар роҳи муҳофизати ӯ набуд ва ду дақиқа вақт дошту фармон дод, ки борҳоро ҷамъ карда ба Хуст ҳаракат кунанд, аммо ба ӯ гуфтаанд, ки ҳам Хуст ва ҳам Ҷалолобод суқут кард ва дигар намедонист, ки ба куҷо мераванд.

«Танҳо вақте ки ба чархбол савор шудем, маълум шуд, ки аз кишвар берун мешавем, воқеан як ҳодисаи ногаҳонӣ буд. Албатта, ин душвортарин чизи имконпазир буд. Ин аст, ки сад рӯзи ахир танҳо будам, дар бораи ҳодисаҳои дар гузашта рӯйдода навиштаву андеша мекардам. Вазъият аз ин душвортар шуда наметавонист», — афзудааст Ғанӣ.

Раҳбари фирории Афғонистон гуфт, маҷбур буд, ки худро қурбон кунад, то Кобулро наҷот диҳад ва бо вазъиятҳои воқеӣ рӯ ба рӯ шавад.
Ғанӣ дар мавриди қазияи рабудани пулҳои буҷа, ки ба он муттаҳам мешавад гуфтааст: " ман аз кишвар пул нагирифтаам. Вертолётҳо ва макони аввалини мо дар пеши назари умум намоён буданд«.

Ӯ гуфтааст барои таҳқиқи ин иттиҳомот омодааст аз ҳаргуна таҷҳизоти дурӯғсанҷ гузарад.

»На танҳо аз пажӯҳишҳои ҷаниби ИМА дар ин бора истиқбол мекунам, балки мехоҳам таҳқиқоти бештаре анҷом шавад. Баъди ба миён омадани ин айбномаҳо ман таклиф кардам, ки тафтиш аз тарафи СММ ва ё ниҳоди дигари гузаронда шавад«, — гуфтааст Ғанӣ.

Ин роҳбари фирории Афғонистон мегӯяд, ӯро қурбонӣ карданд, ки ба бесарусомонӣ ва бӯҳрон дар Афғонистонро айбдор кунанд. Вай гуфт, ки шарикони байналмилалиаш пайваста бар ӯ фишор оварда, салоҳияти ӯро маҳдуд мекарданд.

Собиқ раисиҷумҳур яке аз ҳаводиси моҳи августро созишномаи нобарори Доҳа ва озодсозии 5000 толиби зиндонӣ гуфт.

Аммо мунтақидони Ғанӣ мегӯяд, муомила ва қавмгароии раисиҷумҳур яке аз омилҳои суқути ҳукумати Кобул буд.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.