расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нафти Эрон

. / Сиёсат

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо муовини вазири нафти Эрон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард

Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Теҳрон мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон бо Аҳмад Асадзода, муовини вазири нафти Эрон баргузор гардид.

Тибқи иттилои манбаъ, зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Сайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.

Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон нуҳуми январи соли 1992 барқарор шуданд.

Сафорати Эрон моҳи январи соли 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.