расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Таъиноти нав дар прокуратураи нақлиёт: Дилшод Салимзода вазифаи нав гирифт

. / Сиёсат

Таъиноти нав дар прокуратураи нақлиёт: Дилшод Салимзода вазифаи нав гирифт

Дилшод Салимзода зимни як фармон муовини прокурори нақлиёти Тоҷикистон таъин шуд

Ӯ дар гузашта прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Исфара буд.

Як манбаъ дар Прокуратураи нақлиёти фармони Дилшод Салимзода аз сӯи Прокурори генералии Тоҷикистон ба имзо расидааст.
«Мавсуф ҳоло муовини прокурори нақлиёти Тоҷикистон буда, чанд рӯз аст, ки ба иҷрои вазифаҳои худ шуруъ кардааст», — гуфт манбаъ.


Дилшод Салимзода соли 1975 дар ноҳияи Кушониён (собиқ Бохтар) таваллуд ёфта, се маълумоти олӣ дорад — хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа, Донишгоҳи милии Тоҷикистон ва Академияи хизмати давлатии назди президенти Русия мебошад.

Вай аз соли 1999 дар вазифаҳои гуногуни ниҳодҳои вазорати корҳои дохилӣ ва вазорати адлия, аз ҷумла сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд кор карда, аз соли 2011 ба соҳаи прокуратура гузаштааст.

Дар ин миён ӯ муовини сардори Раёсати умумӣ — сардори шӯъба, сардори шӯъбаи амнияти дохилии Прокуратураи генералии Тоҷикистон буд.

Баъдтар ӯ дар вазифаҳои прокурори ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва прокурори шаҳри Исфараи вилояти Суғд кор кардааст.

Сарчашма:​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.