расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » ҶАБҲАИ АҲМАДИ МАСЪУД ДАР АМРИКО РАСМАН САБТИ НОМ ШУД

Сиёсат / Ҷаҳон

ҶАБҲАИ АҲМАДИ МАСЪУД ДАР АМРИКО РАСМАН САБТИ НОМ ШУД

Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Твиттераш хабар дод, ки ин ҷабҳаи таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд барои кушодани нахустин дафтари байналмилалиаш дар шаҳри Вашингтон, пойтахти Амрико иҷозати расмӣ ба даст овардааст.
“Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба зудӣ фаъолияташро дар саросари ҷаҳон густариш хоҳад дод”,  навиштааст Назарӣ дар Твиттер. Бино ба иттилои ӯ, муҷавизи фаъолияти дафтари Ҷабҳаро дар Вашингтон вазорати адлияи Амрико содир кардааст.
Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба расонаҳо дарёфти ҳаққи фаъолияти дафтари ин созмон дар пойтахти Амрикоро бисёр муҳим хондааст, зеро, ба гуфтаи ӯ, чунин иҷозатнома барои ҷабҳаҳои сиёсиву низомӣ ба нудрат содир мешавад.
Аз замони ғасби Афғонистон аз ҷониби ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон ва таъсиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд дар моҳи август қариб 3 моҳ мегузарад, вале ин нахустин дафтари ин созмон аст, ки дар як кишвари хориҷӣ боз мешавад.
Амрико расман хабари ифтитоҳи  дафтари Ҷабҳаи Аҳмади Масъуд дар Вашингтонро ягон шарҳ надодааст. Вале барои фаъолияти Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Вашингтон расман иҷозат додани мақомоти Амрико метавонад баёнгари норозигии Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш аз ваъдахилофии Толибон ҳам бошад, ки бар хилофи тааҳҳудоти супурдаашон билофосила баъди фирори президент Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуданд ва ба сари худ кишварро “аморати исломӣ” эълон карда, ҳукумате ташкил доданд, ки ба хостҳои ҷомиаи байналмилалӣ ҷиҳати зарурати ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҷавобгӯ нест.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон асосан дар вилояти Панҷшер ва навоҳи маъруф ба Андаробҳои вилояти Бағлон фаъол буда, меҳварашро тоҷикони Афғонистон ташкил медиҳанд.  Раҳбари ин Ҷабҳа Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд.
Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст.
Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.
Аҳмади Масъуд бори охир ҳанӯз қабл аз тасарруфи қисматҳои водии дараи Панҷшер аз сӯи Толибон дар як нишаст бо фармондеҳон ва раҳбарони обрӯманди ин минтақа зоҳир шуд. Баъди он чанд сабти садоӣ аз ӯ мунташир шуд, вале равшан нест, ки Аҳмади Масъуд дар куҷост? Бархе манобеъ мегӯянд, ки ӯ тақрибан ду моҳ боз дар Душанбест. Вале намояндагони Ҷабҳаи муқовимат  мегӯянд, ӯ барои музокирот як муддати кӯтоҳ ба Тоҷикистон рафта буд, вале ҳоло дар Афғонистон қарор дорад ва бо фармондеҳони Ҷабҳа дар Панҷшер дар тамоси доим аст.
Ахиран як гуруҳи дигари роҳбарони дар гузашта пурнуфузи Афғонистон, бо шумули Бисмиллоҳхон, Ато Муҳаммади Нур, маршал Дустум, Муҳаммади Муҳаққиқ, Юнуси Қонунӣ аз таъсиси боз як эътилофи зидди Толибон бо номи “Шӯрои олии муқовимати миллӣ” хабар доданд. Вале бо дарназардошти собиқаи ин афрод, ки ба даст доштан дар фасоди густарда ва бе ҷанг ба Толибон супурдани кишвар айбдор мешаванд, эҳтимоли нуфуз пайдо кардани ин созмон ва ба рақиби билқувваи Ҷабҳаи Аҳмади

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.