расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Ҷанги виза байни Русия ва Амрико

Сиёсат / Ҷомеа

Ҷанги виза байни Русия ва Амрико

Маскав аз тасмими Амрико, ки гирифтани визаи ИМА-ро барои шаҳрвандони Русия мушкил кард, интиқод кард. Ҳамакнун он шаҳрвандони Русия, ки мехоҳанд визаи Амрикоро дарёфт кунанд, бояд онро аз кишвари севум ба даст биоранд. Ин тасмими ИМА пас аз он руи даст гирифта шуд, ки Русия кор кардани шаҳрвандони ин кишварро дар Сафорати Амрико мамнуъ эълом кард. Бар асоси ин дастур, русҳо метавонанд барои дархости визаи Амрико ба сафорати он кишвар дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) муроҷиат кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико ин шаҳрвандони русро дар радаи дархосткунандагони «бе кишвар» қарор додааст. Ин ба он маъно аст, ки Вашингтон дар кишвари онҳо намояндагии консулӣ надорад ё кормандони сафоратхона бо сабабҳои сиёсӣ ва амниятӣ наметавонанд виза содир кунанд.

Русия даҳумин кишваре аст, ки шомили ин феҳрист мешавад. Эрон, Куба, Эритрея, Либия, Сумол, Судони ҷанубӣ, Сурия, Венесуэла, ва Яман аз ҷумла кишварҳое мебошанд, ки қаблан ба ин феҳрист шомил шуда буданд.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, «дипломатҳои амрикоӣ солҳост, ки дар ҳоли аз байн бурдани системаи хадамоти консулӣ дар Русия ҳастанд…»

Робитаҳои Амрико ва Русия дар поинтарин сатҳ пас аз поёни Ҷанги Сард ба ин тараф қарор дорад. Ду кишвар аз ҷумла дар робита ба шумораи дипломатҳое, ки метавонанд дар пойтахтҳои якдигар дошта бошанд, ихтилофи шадид доранд ва гуфтугӯҳояшон дар ин моҳ низ бенатиҷа монд.

Сарчашма: ​Радиои Озодӣ​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.