расонаи иттилии - Ориён » ПАЛАНГ БА ОҒИЛИ СОКИНИ ИШКОШИМ ҲАМЛА ОВАРДА, ДАҲҲО САР ЧОРВОРО НОБУД КАРДААСТ

---

ПАЛАНГ БА ОҒИЛИ СОКИНИ ИШКОШИМ ҲАМЛА ОВАРДА, ДАҲҲО САР ЧОРВОРО НОБУД КАРДААСТ

Соати чори субҳи барвақти 20 октябр, паланги ваҳшие аз кӯҳ фаромада, ба оғили як сокини деҳаи Зонги ноҳияи Ишкошим дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамла овардааст. Дар натиҷа, ҳайвони ваҳшӣ 31 сар чорвои хурдро пора-пора карда, боз  8 сар чорвои хурду 2 сар чорвои калони шохдори соҳибхонаро маҷруҳ кардааст, хабар дод Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон.
Ин алакай дуюмин ҳодисаи ҳамлаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба сокинон дар Бадахшон дар ду рӯзи охир аст.
КҲФ қаблан хабар дод, ки соати даҳи субҳи 19 октябри соли 2021 ду сокини деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба ҳамлаи хирс рӯбарӯ шудаву захмӣ гаштанд.
Ин ду нафар, ки як 14-сола ва дуюмӣ 48 сол дошт, субҳи бармаҳал барои ҷамъоварии ҳезум ба кӯҳ рафта буданд. Ҳангоми ҷамъоварии ҳезум дар ҷангали деҳаи Ғумаст ногаҳон як хирс ба онҳо ҳамла кардааст. Ҳарду захм бардоштаанд, захми яке сабук ва дуюмӣ вазнин гузориш шудааст.
Хушбахтона, сокинони сари вақт ба кумакашон расиданд ва ба беморхона интиқол додаанд.
Дар айни замон вазъи саломатии ҳарду муътадил аст ва духтурон мегӯянд ба онҳо хатаре таҳдид намекунад, гуфта мешавад дар иттилоияи КҲФ.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.