расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » "Тактикӣ": ақибнишиниҳои Ҷабҳаи муқовимат аз хатти аввал дар Панҷшер

. / Ҷаҳон

"Тактикӣ": ақибнишиниҳои Ҷабҳаи муқовимат аз хатти аввал дар Панҷшер

Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд аз хатҳои аввали ҷабҳаи Панҷшер ақибнишинӣ кардаанд. Толибон* иддао доранд, ки се вулусволиро гирифтаанд.

 Дар ҳоле, ки хатти телефону интернет дар Панҷшер қатъ аст, иттилои мувассақ ва боварибахш дар ин бора вуҷуд надорад.

Аммо дасти кам ду манбаъи наздик ба Ҷабҳаи муқовимат дар хориҷ аз Афғонистон ба  гуфтанд, ки дар пайи фишори Толибон* нерӯҳои хатти аввал аз ағбаи Ховок, Дурбанд ва Шутул ақибнишинӣ карда, дар дохилтари дараи Панҷшер мавқеъ гирифтанд.

Яке аз онҳо гуфт, нахуст дар вулусволии Париён ҷонибдорони волии номниҳод дар вилояти Панҷшер шахсе ба номи Мавлавӣ Абдулалӣ дар маркази Париён — Қалъа парчами Толибон* — ро баланд карданд.

«Мардуми Париён аз қадим бо мақомоти маркази вилоят уқда доштанд. Онҳо худро маҳрум ҳисоб мекарданд, зеро ягон барномаи ободӣ дар ин вулусволӣ тайи 20 соли ахир гирифта нашуд. Вақте дар маркази вулусволь байрақи толиб баланд шуд, командое, ки дар хати боло буд, фикр кард, Толибон* аз қафо ҳамла оварданд ва хатро раҳо доданд. Онҳоро дида, нерӯҳои худи Париён низ аз хат қафо нишастанд», — гуфт ин манбаъ.


Вай афзуд, омили суқути Париён дохилӣ аст ва ҳоло нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ақибнишинӣ карданд.
Карта провинции Панчшир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.09.2021Толибон* эълон карданд, ки 4 ноҳияи Панҷшерро зери назорат гирифтанд


Ҳамсуҳбати дуввуми мо гуфт, фишорҳои Толибон* он қадар болои хатҳои Ховоку Дарбанд ва Шутул афзуд, ки имкони муқовимат аз даст рафт.

«Касе ба сарҳисоби нерӯҳои Толибон* намеравад. Аз ду ҳазор зиёд кушта шуданд, аммо он қадар зиёд ба маҳал рехтанд, ки ҳисоб надоранд. Аммо сарбозони Ҷабҳа як ақибнишинии тактикӣ карда, дар дохили дара мавқеъ гирифтанд ва муқовимат мекунанд», — гуфт ӯ.


Дар ҳамин ҳол, ҳаракати Толибон* иддао дорад, ки ба ҷуз Париён, вулусволиҳои Хинҷу Онобаи вилояти Панҷшерро ишғол кардаанд.

Ин хабар дар ҳоли ҳозир аз манобеъи Ҷабҳаи муттаҳид таъйид нашудааст. Дар посух ба ин суол, ки дар ҳоли суқути Панҷшер оё Ҷабҳаи муқовимат чӣ иқдом хоҳад кард, ин манобеъ мегӯянд, нақшаи «Б» ба роҳ андохтани ҷангҳои чирикӣ аст, агар Толибон* ҳамон сиёсати яккатозӣ ва тамомиятхоҳии худро идома диҳанд.


Ҳамзамон дар бораи сарнавишти раҳбарони Ҷабҳаи муқовимат, бахусус, Аҳмади Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ, Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ, Фаҳими Даштӣ ва дигарон иттилои дақиқе дар даст нест.

Он чӣ дар Панҷшер овоза шудааст, ин аст, ки ба қавли манобеъи мо, онҳо Тоҷикистон фирор кардаанд. Аммо дақиқан касе намедонад, ки асли воқеият чист.

*созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Сарчашма.Sputnik. 

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.