расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Боҷи гумрукӣ барои воридоти гӯшти мурғ, макарон ва тамоку зиёд мешавад

Асосӣ / Иқтисодиёт

Боҷи гумрукӣ барои воридоти гӯшти мурғ, макарон ва тамоку зиёд мешавад


Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ ба гӯшт ва маҳсулоти ғизоӣ аз мурғи хонагӣ, инчунин маснуоти макарон (спагетти, лапша, равиоли, каннеллони ва ғайра) ду баробар зиёд карда шавад.

Дар қарори ҳукумат аз 27 майи соли равон супориш дода шудааст, ки меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ аз 10% то 20% аз арзиши гумрукии маҳсулоти зикршуда боло бурда шавад.

Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки меъёрҳои боҷии воридотии гумрукӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку зиёд карда шаванд.
Аз ҷумла боло бурдани меъёри «ашёи хоми тамоку ва партовҳои тамоку» аз 5% аз арзиши маҳсулоти змикршуда то 10%, «сигар, сигарҳо бо охирҳои буридашуда, сигарилла ва сигаретҳо аз табак ё ивазкунандаҳои саноатии он» — аз 23% то 46%, «дигар тамокуи бо роҳи саноатӣ тайёршуда ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку, «гомогенишуда» ё тамокуи «барқароршуда», шираҳо ва ҷавҳари тамоку — аз 18% то 36% дар назар аст.

Қаблан зикр гардида буд, ки бо қарори ҳукумат ду баробар боло бурдани андози аксизӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку ба нақша гирифта шудааст.

Қарорҳо дар бораи болоравии боҷ ба гӯшти мурғ ва маснуоти тамоку баъди як моҳи нашрр расмӣ дар нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» ва меъёрҳои нав ба маснуоти макарон  аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор мегиранд.

Меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ маъмулан барои коҳиши воридоти ҳаҷми маҳсулоти номатлуб ба кишвар боло бурда мешаванд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.