расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон

. / Ҷомеа

Ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Гулистон

540
7 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ифтитоҳ карда, бо шароити таълим дар иншооти нав шинос шуданд.
Нахуст дар саҳни ҳавлӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Маркази таълимӣ ва намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муаррифӣ карда шуд.
Масоҳати умумии заминҳои ин мавзеъ 4,7 гектарро ташкил дода, дар масоҳати 16 садяк замин 4 гармхонаи парвариши сабзавот, лиму ва дар майдони 1 гектар боғи дарахтони зардолу, олуча, олу ва себ, бунёд шудааст.
541542
Маркази таълимӣ ва заминҳои кишт дар соҳили Баҳри тоҷик дар як мавзеи дилфиреб ҷойгир мебошад. Дар хоҷагии ёрирасон 10 нафар машғули кор аст. Ҳосили ба дастоварда аз хоҷагии ёрирасон барои таъмини кормандони мақомот бо маводи ниёзи аввал равона карда мешавад.
Баъди шиносоӣ бо дастовардҳои хоҷагидорон ба Президенти мамлакат намунаи сару либоси мавсимии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, ки бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ тайёр карда мешавад, муаррифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи мамлакат бо сару либос, таҷҳизоти техникии низомӣ, манзили зист, ҷойҳои кории муосир ва маводи ниёзи аввал пурра таъмин мебошанд.
Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон аз 4 ошёна, толорҳои машғулиятҳо, ҳуҷраҳои корӣ, 6 ҳуҷраи истироҳатӣ, ошхона ва дар саҳни ҳавлӣ аз майдончаи варзишӣ оид ба футбол иборат мебошад.
Акнун баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд баҳри такмили ихтисос ва омӯзиши донишҳои муосир шароити замонавӣ муҳайё гардид.
543544545546547548
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба кормандони мақомот муборакбод гуфта, онҳоро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.