расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҶАСАДИ ГУЛҲАВАСРО БАЪДИ 17 РӮЗ ПАЙДО КАРДАНД. ҶУСТУҶӮИ СЕ НАФАРИ ДИГАР ТО ҲОЛ ИДОМА ДОРАД...

Ҷомеа / Ҳаводис

ҶАСАДИ ГУЛҲАВАСРО БАЪДИ 17 РӮЗ ПАЙДО КАРДАНД. ҶУСТУҶӮИ СЕ НАФАРИ ДИГАР ТО ҲОЛ ИДОМА ДОРАД...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ)-и Тоҷикистон хабар дод, ки наҷотбахшон шоми 31 август, баъди 17 рӯз ҷасади Гулҳавас Шоҳмирзоеваи 33-сола, яке аз чор узви як оила аз деҳаи Машхевади ноҳияи Айниро, ки рӯзи 14 август ҳангоми убури дарё бо заврақи худсохт ғарқ шуданд, пайдо карданд. Ҷустуҷӯи се нафари дигар идома дорад. КҲФ қаблан хзбар дода буд, ки субҳи 14 август, тахминан соати 09:50 4 узви як оила аз деҳаи Махшевади ноҳияи Айнӣ ҳангоми убур аз дарёи Искандар бо заврақи худсохт ғарқ шудаанд. КҲФ ин фалокатро "мудҳиштарин фоҷиаи рӯз” номида, навишта буд, ки "зарфи ҳадди ақал як даҳсолаи охир ин минтақа ин гуна фоҷеаро ёд надорад. Ёдашон ба хайр!"
Ғарқшудагон:
1. Шомирзоев Исмоил, соли таваллудаш 1959
2. Шоҳмирзоева Гулҳавас, соли таваллудаш 1987
3.Наврузов Пурдил, соли таваллудаш 2018, набераи Шомирзоев И.
4.Пирова Наврӯзмо, соли таваллудаш 1990, келини оила.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.