расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Роҳи сафед. 170 бинокори тоҷик бо хатсайри чартерӣ ба Иркутск рафтанд

. / Ҷомеа

Роҳи сафед. 170 бинокори тоҷик бо хатсайри чартерӣ ба Иркутск рафтанд

Онҳо барои кор дар ширкатҳои сохтмони шаҳр ва вилоят даъватномаи расмӣ доранд.

Пас аз зуҳури сирояти коронавирус, ки аввали соли гузашта ба вуҷуд омад, гурӯҳи аввали муҳоҷирони кории тоҷик бо хатсайри чартерӣ ба Русия рафтанд.
Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 170 нафар бинокорони тоҷик бо иҷозаи Ситоди ҷумуриявии муқовимат бо COVID-19 рӯзи 30-юми январ ба шаҳри Иркутки Русия парвоз карданд.
Ҳамаи муҳоҷирони тоҷики ба Иркутск парвозкарда барои кор дар ширкатҳои сохтмони шаҳр ва вилояти Иркутск даъватномаи расмӣ доранд.
Гуфта мешавад, бо дастури губернатори вилояти Иркурск ҳукумати маҳаллӣ муҳоҷирони кории тоҷикро пешвоз ва ҷиҳати таъмини онҳо бо кору шароити будубош мусоидат мекунанд.
Сафарбарии муташаккили гурӯҳи аввали бинокорони тоҷик ба Русия дар давраи пандемияи коронавирус ба туфайли мусоидат ва ҳамкории зичи ҳукумати ҳар ду кишвар муяссар гардид.
Қобили зикр аст, ки 22 январ дар вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноати Русия вазири сохтмон ва ХМК-и ин кишвар Ирек Файзулин изҳор дошта буд, ки механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар майдонҳои сохтмони ин кишвар роҳандозӣ шуда, аз ҷониби ин ниҳод танзим мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.