расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Мулоқоти Толибон бо мақомоти Русия

. / Ҷаҳон

Мулоқоти Толибон бо мақомоти Русия

Як ҳайати Толибон дар Маскав бо мақомоти рус ҷараёни музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистонро баррасӣ кардааст. Сухангӯи Толибон Муҳаммад Наим дар Твиттери худ навишт, ки ҳайате ба раҳбарии Шермуҳаммад Аббос Станикзай, собиқ узви калони ҳайати музокиротии Толибон рӯзи 28-уми январ дар Маскав бо фиристодаи вижаи Русия барои Афғонистон Замир Кабулов - як мақоми вазорати хориҷаи Русия дидору гуфтугӯ кардааст. Наим гуфт, ки ҳарду тараф ҷараёни музокироти сулҳро бар асоси созиши моҳи феврали соли 2020 имзошуда миёни ИМА ва Толибон баррасӣ карданд. Дар як занги телефонӣ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ки Вашингтон созиш бо Толибонро аз назари иҷро шудани тааҳҳудоти Толибон бар асоси ин санад бозбинӣ мекунанд. ИМА гуфтааст, ки Толибон то ҳол барои коҳиши хушунат ва ҳамоиши комил бо шартушурути созиши сулҳ кори каме анҷом додаанд.
Созиши сулҳ мегӯяд, ки то моҳи маи соли 2021 ҳама нирӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк мекунанд, ба шарте, ки гурӯҳи шӯришӣ даст аз хушунат бардошта ӯҳдадориҳои додаашро дар заминаи таъмини амният иҷро кунад. Ҳукумати Афғонистон тасмими маъмурияти президент Ҷо Байден барои бозбинии созиши сулҳ бо Толибонро истиқбол кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.