расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Охири январ дар Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад

. / Ҷомеа

Охири январ дар Душанбе ҷашни Сада таҷлил мешавад

Дар Боғи ба номи Фирдавсӣ баргузории чорабиниҳои гуногун дар назар аст.

Ҷашни Сада дар Душанбе, акс аз бойгонӣ
Сурат: Asia-Plus
Рӯзи 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Сада чорабиниҳо доир мегарданд.
Тавре шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶТ хабар медиҳад, ба ин муносибат дар боғ баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ", афрӯхтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ дар назар аст.

Ҳамчунин дар як гӯша олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба киштукори баҳорӣ тавсияҳо медиҳанд.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, маҳсулоти кишоварзӣ низ ба маърази хариду тамошо гузошта шуда, чорабиниҳои фарҳангӣ низ баргузор мешаванд ва дар фарҷом тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа пешбинӣ шудааст.
Ёдрас мекунем, ки бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон парлумони ҷумҳурӣ охири моҳи октябри соли 2017 ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту илова қабул намуд, ки мутобиқи он ҳамасола санаи 30 январ дар ҷумҳурӣ ҷашни Сада таҷлил мегардад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.
Сада ҷашни қадимию суннатии мардуми  тоҷик ба шумор рафта, аз гузаштагонамон мерос мондааст.  Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи олимон, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.
Анъана ва расму оинҳои мардуми ориёитабор таърихи беш аз 3-ҳазорсола доранд. Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.