расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз кори ҳукумат дар соли душвори 2020 натиҷагирӣ мекунад

. / Ҷомеа

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон аз кори ҳукумат дар соли душвори 2020 натиҷагирӣ мекунад

Сурат гирифтани тағйироти кадрӣ аз эҳтимол дур нест.

Акси марбута
Сурат: ulpressa.ru
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷаласаи васеи ҳукумати ҷумҳуриро баргузор мекунад. Дар ҷаласа аз фаъолият дар соли гузашта натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои соли равон муайян карда мешаванд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дар соли гузашта сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гузориш медиҳад.
Аз эҳтимол дур нест, ки тибқи анъанаи маъмул дар ин ҷаласа масоили кадрӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.
Ба ҷаласаи имрӯза ба ҷуз аъзои ҳукумати Тоҷикистон, инчунин роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоят, ректорони макотиби олӣ, намояндагони бонкҳо ва дигар шахсони масъул даъват шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки дирӯз, 26 январ сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми худро ба парлумон ироа кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.