расонаи иттилии - Ориён » . » Президент » Қарори Ҳукумат: аз мақоми нави Шоҳиён то хориҷсозии Фақеров

Президент / Сиёсат

Қарори Ҳукумат: аз мақоми нави Шоҳиён то хориҷсозии Фақеров

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар тағйирот ворид кардааст
Бар асоси қарор, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, Шоҳиён Нуралӣ Набот узви ҳайати мушовараи Вазорати маориф шудааст.
Шоҳиён аз соли 2016 то ҳол ректори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад. Ӯ соли 1959 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев мебошад. Бар асоси ҳолномаи расмияш, ки дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Данғара нашр шудааст,  ӯ забонҳои русӣ ва украиниро бо луғат медонад.  
Тибқи тасмими Ҳукумат Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович аз ҳайати мушовараи Вазорати маориф хориҷ карда шудааст.
Ҳамидуллохон Фақеров охири соли гузашта аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон озод шуда, ба ҷои ӯ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ректори долнишгоҳи мазкур таъйин гардида буд. Далели барканории Фақеров гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шуда буд.

Read more: https://sputnik-tj.com/education/20210125/1032685898/hukumat-maqom-Shohiyon-Faqerov.html  Ҳукумати Тоҷикистон ҳайати нави мушовараи Вазорати маориф ва илмро тасдиқ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.