расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ситод: агар дар масҷидҳо қоидаҳои беҳдоштӣ риоя нашаванд, дубора баста мешаванд

. / Ҷомеа

Ситод: агар дар масҷидҳо қоидаҳои беҳдоштӣ риоя нашаванд, дубора баста мешаванд

Назорати риояи қоидаҳои зидди сироятёбӣ аз вирус ба дӯши Кумитаи дин ва Маркази исломӣ вогузор шудааст.

Акс аз бойгонӣ
Сурат: The National
Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо паҳншавии коронавирус аз шаҳрвандони кишвар дархост намудааст, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои беҳдоштии шахсиву ҷамъиятиро қатъян риоя кунанд.
“Ҳангоми намози ҷамоа дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода баред”, - қайд мешавад дар иттилоияи Ситод, ки дар сомонаи АМИТ “Ховар” чоп шудааст.
Гуфта мешавад, 20 январ ситод қарор кард, ки аз 1-уми феврал дар қаламрави мамлакат намозҳои ҷамоат дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию чамъиятӣ иҷозат дода шавад.
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ вазифадор карда шуданд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.
Дар ҳамин ҳол, Ситоди ҷумҳуриявӣ огоҳ мекунад, ки агар дар масҷидҳо талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя нашавад, фаъолияти чунин масҷидҳо манъ карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно 3-юми марти соли 2020 баста буданд, ки дубора дар охири моҳи март боз иҷоза доданд, вале аз 18-уми апрели соли 2020 дигарбора дари масоҷид ба далели пешгирӣ аз сироят наёфтан баста шуда буд.
Аз оғози падемия то 20 январи соли равон дар саросари ҷумҳурӣ 13 308 нафар сироятёфтагон, 13 218 нафар шифорёфтагон ва 90 кас фавтидагон аз ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.