расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар маркази Кӯшониён лавҳаи «Қаҳрамонони миллат» қомат меафрозад

. / Ҷомеа

Дар маркази Кӯшониён лавҳаи «Қаҳрамонони миллат» қомат меафрозад

Барои сохтмони он аз буҷети маҳаллӣ 50 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.

Майдони Сомонӣ дар Кӯшониён, акси марбута
Сурат: Facebook
Дар доираи сафар ба ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо рафти корҳои сохтмони пойдевори лавҳи «Қаҳрамонони миллат» дар маркази шаҳраки Исмоили Сомонӣ шинос шуд.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, лавҳа бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба корномаи Қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бунёд мегардад.

Гуфта мешавад, сохтмони иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2020 оғоз гардида, баландиаш 4,5 метр ва паҳнояш 10 метр хоҳад буд.
“Лоиҳа бо санъати баланди меъмории миллӣ тарҳрезӣ гардида, корҳои сохтмонӣ бо харҷи беш аз 50 ҳазор сомонӣ ҷараён доранд”, - қайд мешавад дар хабари ҳҳукумати вилоят.
Зикр мегардад, ки қарор аст бунёди лавҳи мазкур дар хиёбони марказии ноҳияи Кӯшониён ояндаи наздик ба итмом бирасад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.