расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 25 миллион нафар гузашт

. / Ҷаҳон

Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 25 миллион нафар гузашт


Акс аз ташхисгоҳе дар Украина

Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон рӯзи 30-уми август аз 25 миллион гузашт. Дар Ҳиндустон, ки дуюмин кишвари сераҳолитарини дунё маҳсуб меёбад, ҳисобҳои рекордӣ сабт шудааст.
Бар асоси иттилои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс теъдоди фавтидагон ба беш аз 840 ҳазор нафар расидааст.
Дар 24 соати рӯзи гузашта дар Ҳиндустон беш аз 78 ҳазор нафар ҳамчун гирифтори коронавирус сабт шудааст.
Ҳиндустон, сеюмин кишвар пас аз ИМА ва Бразилия аст, ки аз ҳама бештар гирифторони коронавирус сабт мешаванд. Ин кишварҳо ваъда додаанд, ки ба сокинон барои боло рафтани иқтисод кӯмак мекунанд.
Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавирус аз 8 ҳазор гузаштааст ва ба гуфтаи мақомот то кунун танҳо 68 нафар фавтидааст. Оморе, ки коршиносон ба дурустиаш шубҳа доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.