расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ФИРДАВС БА АРОБАЧАИ МАЮБӢ НИЁЗ ДОРАД? (ВИДЕО)

. / Ҷомеа

ФИРДАВС БА АРОБАЧАИ МАЮБӢ НИЁЗ ДОРАД? (ВИДЕО)

Роҳи хонаи қаҳрамони навбатии барномаи мо мисли пайроҳаи тақдираш пур аз шебу фароз аст. Мо одамони комилан солим бо азобҳои алим, афтону хезон ин роҳи душворгузарро тай намуда, базӯр то манзили Фирдавс Саидов расидем. Соҳибхона мардест меҳрубону хоксор, аммо ӯ наметавонад ба истиқболи меҳмон барояд, зеро худованд аз ду пойи равон маҳрумаш гардонидааст.

Ба маъюб буданаш нигоҳ накарда, Фирдавс бисёр инсони бо нангу ор аст. Барои он ки зану фарзандонаш дар кӯча намонанд, бе ҷавонмарди баномус ана ҳамин кулбаи хоксоронаро шикамғеҷ бунёд намудааст. Ин марди аз пойи равон маҳрум шикамғеҷ ҳаракат карда, бо бел тӯда-тӯда хок меканд, баъд зану шавҳар якҷоя лой мешӯриданд, то кори устҳои деворзан сабуктар шавад.

Меҳнати сангин ба саломатии ин марди маъюб бе таъсир намонд ва аз даҳону биниаш хун ҷорӣ шуда, ба бемории сили шуш гирифтор гашт. Қаблан Фирдавс бо ёрии чигас роҳ мегашт, аммо баъд аз ин пурра аз пойи равон монда, ба бистари беморӣ мехкӯб гашт.
Фирдавс ба варзиш шавқу рағбати зиёд дошта, дар чандин чорабиниҳои варзишӣ ғолиб омадааст, бар замми ин, ҳунари мӯзадӯзӣ ва таъмири асбобҳои барқию техникаи рӯзгорро дорад. Ин марди маъюб давлату сарвати зиёд намехоҳад. Вай танҳо ба як аробачаи маъюбии худҳаракаткунанда ниёз дорад, то ин роҳи пур аз шебу фарозро мустақилона тай намуда, минбаъд зиндагиашро бо қувваи худ пеш барад.
Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила нисбати тақдири Фирдавс бе тараф намонда, ба ин марди маъюб дасти мадад дароз менамоянд, зеро шайх Саъдӣ фармудааст:
Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!

Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин марди маъюб дасти ёрӣ дароз намоянд, метавонанд ба рақами 904-65-55-64 занг зананд ё хайрияи худро ба корти 4167532706228312 (Ориёнбонк) , (корт палучателя) 20202972510101233806 гузаронанд. Рақамҳои суратҳисоб барои интиқоли маблағ бо пули сомонӣ, доллар ва рубли русӣ гуногунанд. - Хайрияи худро бо пули сомонӣ бо корти 4167532706228312 (Ориёнбонк) , (корт палучателя) 20202972510101233806 ба ин рақам гузаронед: Корр Счет 20402972413691 БИК: 350101369 Названя платежа: 26202972799904888888 - Хайрияи худро бо доллар ба ин рақам гузаронед: 30111840500000000053 - Хайрияи худро метавонед бо пули русӣ 4167532706228312 (Ориёнбонк) , (корт палучателя) 20202972510101233806 ба ин рақам гузаронед: корр счет 3011810100000000472 - Коррсчот барои интиқоли маблағ ба воситаи “Сбербанк”-и Маскав) 30101810400000000225 Бик: 044525222
                                                     

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.