Ангела Меркел бо сарвазири Тунис масъалаи ихроҷи муҳоҷиронро баррасӣ намуд


Канслери Олмон - Ангела Меркел дар шаҳри Берлин бо сарвазири Тунис

- Юсуф Шоҳид масъалаи амният ва ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро баррасӣ намуданд. Сарвазири Тунис дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуда, аммо иқдоми таъсиси марказҳои махсус барои фирориёни ба ватан баргаштаро рад кард. Ангела Меркел қайд намуд, ки афроди дар Олмон мақоми паноҳандагиро соҳиб нашуда, бояд ба Тунис ихроҷ шаванд. Бино ба иттилои ҳукумати Олмон то ҳол ба 1 ҳазору 500 шаҳрванди Тунис, ки дар ин мамлакат умр ба сар мебаранд, додани мақоми паноҳандагӣ рад карда шудааст. Аз ин теъдод танҳо 116 нафари он дубора ба ватани худ баргаштааст. Канслери Олмон - Ангела Меркел ва сарвазири Тунис - Юсуф Шоҳид дар макони содир шудани амали террористии шаҳри Берлин гул гузоштанд. Шаҳрванди Тунис Анис Амрӣ, ки аз дархости мақоми паноҳандагӣ ҷавоби рад гирифта буд, дар ярмаркаи солинавӣ тариқи нақлиёти боркаш 12 нафарро пахш карда, ба ҳалокат расонд. 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон