Ҳафт номзад иштироки худ дар интихоботи президентии Беларусро идома медиҳанд

Лидия Ермошина, раиси комиссиюни интихобҳои Беларус. Акс аз ноябри соли 2019
Лидия Ермошина, раиси комиссиюни интихобҳои Беларус. Акс аз ноябри соли 2019

Лидия Ермошина, раиси комиссиюни марказии интихоботҳои Беларус рӯзи 22 июн гуфт, ки баъди марҳилаи ҷамъоварии имзоҳо ҳафт номзад ширкати худро дар интихоботи президентӣ идома медиҳанд. Ӯ гуфт, ки то ҳол имзоҳои тарафдоронро раҳбари феълии давлат Александр Лукашенко, собиқ раҳбари “Белгазпромбанк” Виктор Бабарико, раҳбари собиқ Порки фанновариҳо Валерий Тсепкало, ҳамсари блогнавис Сергей Тихановский – Светлана Тихановская, собиқ вакили мардумӣ Анна Канопатская, ҳамраиси итиҳодияи ҷамъиятии “Рост бигӯ” Андрей Дмитриев ва раиси “Громада”-и сотсиал-демократ Сергей Черечен супурдаанд. Ҳашт нафари дигар аз ширкат дар интихобот даст кашиданд. Ермошина гуфт, ки шумори дақиқи имзоҳои ҷамъшуда дар поёни санҷиши дурустии онҳо рӯзи 30 июн маълум мешавад. Ба гуфтаи ӯ, то 22 июн тамоми бастаи зарурии санадҳо барои сабтиноми номзадии интихоботиашро танҳо Бабарика пешниҳод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 июн Виктор Бабарика ҳамроҳ бо писараш Эдуард, ки гурӯҳи ташаббускори падарашро раҳбарӣ мекунад, боздошт шуданд. Ба онҳо иттиҳоми ҷиноӣ эълон шудааст, вале то ҳол маълум нест, ки онҳоро дар чӣ гумонбар медонанд. Дар Кумитаи назорати давлатӣ қаблан гуфтанд, ки Бабарико нақшаҳои пулшӯиро амалӣ карда ба хориҷа маблағ интиқол додааст. Дар доираи ин иттиҳомот 20 корманди бонк боздошт шудаанд.

Бабарикоро рақиби калидии Лукашенко дар интихобот меноманд. Интихобот рӯзи 9 август барпо мешавад. Лукашенко, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, бори шашум дар интихобот номзад мешавад. Мухолифон мегӯянд, ки Лукашенко зидди мухолифон саркӯбу фишорро раво мебинад. Бабарико қазияи атрофи “Белгазпромбанк”-ро талоши фишороварӣ номидааст. Худи Лукашенко гуфтааст, ки аз як нақшаи бесубот кардани Беларус бо ширкати нирӯҳои хориҷӣ ҷилавгирӣ шуд. Аз моҳи май ба ин сӯ дар саросари Беларус намоишҳои серҷамъият ба тарафдории номзадҳои алтернативӣ ҷараён дорад. Чанд фаъоли ҷамъиятӣ ва сиёсӣ боздошт ва ба 15 шабонарӯз ҳабс маҳкум шуданд. Блогнавис Сергей Тихановский, ки ба интихобот роҳ дода нашуд, дар нақзи кодекси ҷиноӣ гумонбар мешавад. Ӯро дар халал ворид кардан ба кори комиссиюни интихоботҳо гунаҳгор мекунанд. Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Минск фаъолон дар як “занҷири ҳамраъйӣ” паҳлӯи ҳам саф кашиданд. Полис на камтар аз 270 нафарро боздошт кард ва дар миёни онҳо хабарнигорони Радио Свобода, хабаргузории Рейтерс, вебсайтҳои TUT.BY, Onliner.by ва расонаҳои дигар мебошанд, ки барои пӯшиши хабарии ин ҳодиса рафта буданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон