расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Даргузашти Раҳнавард Зарёб, донишманд ва нависандаи пуровозаи Афғонистон

. / Ҳаводис

Даргузашти Раҳнавард Зарёб, донишманд ва нависандаи пуровозаи Афғонистон

Раҳнавард Зарёб.

Раҳнавард Зарёб, пажӯҳишгари маъруфи забони форсӣ ва нависандаи пуровозаи Афғонистон субҳи 11-уми декабр дар сини 77-солагӣ даргузашт. Ӯ вақтҳои охир аз беморие, ки дошт, ранҷ мебурд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар ҳафтаҳои ахир ба бемории КОВИД-19 гирифтор шуда буд.
Ӯ донишманд ва достоннависи пуровозае буд, ки бо осораш дар Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҳинд ошноӣ доранд.
Аҳли адаб ва низ сиёсатмадорон дар Афғонистон даргузашти Раҳнавард Зарёбро як талафоти бузург барои фарҳанг ва адаби форсӣ донистанд.
Раҳнавард Зарёб зодаи шаҳри Кобул буд ва беш аз 50 сол дар хизмати фарҳанг ва забону адабри форсӣ буд ва чандин сол дар вазифаҳои давлатӣ ҳам кор кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.