расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Тоҷикистонӣ бе истифода аз яроқ “дуздии аср”-ро ба анҷом расонд

. / Ҳаводис

Тоҷикистонӣ бе истифода аз яроқ “дуздии аср”-ро ба анҷом расонд


Нашрияи «Комсомольская правда – Санкт-Петербург» бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки рӯзи 25 сентябр як нафақахӯри 76-сола, саҳмдори собиқи яке аз корхонаҳои пивосозии Петербург, хабардор шудааст, ки аз ҳисоби бонкиаш пули зиёд гум шудааст.

Дар ин маврид, пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як марди 43-солаи зодаи Тоҷикистон ва сокини 23-солаи Архангелскро бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург дастгир кардааст. Инчунин, Хабаргузории ФАН (Федеральное агентство новостей) бо истинод ба манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Петербург хабар дод, ки ин ду нафар ба дуздии 114 миллион рубл ( ҳудуди 1 миллиону 550 ҳазор доллар) аз ҳисоби бонкии як ҷабрдида гумонбар мешаванд
«Албатта, ин маблағро ҳатто «бузург» гуфтан кам аст: қаллобон дар умум аз ҳисоби бонкии ин нафақахӯр 114 миллиону 781 ҳазору 120 рублро ба яғмо бурдаанд. Ба гуфтаи ин мард, дуздии пулҳо ҳудудан аз 26 август то 9 сентябр сурат гирифтааст», – хабар дода буд манбеи «КП».
Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми чоруми моддаи 159-уми Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи бузург парванда кушода буданд. Ба гумонбарон бар асоси ин банди қонун то 10 соли зиндон ваё ҷарима ба маблағи … то 1 миллион рубл, яъне қариб 115 маротиба камтар аз пули дуздидаашон, таҳдид мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.