БОЗДОШТИ БЛОГЕР «БАРОДАРИ ТОҶИК» ДАР МАСКАВ (ВИДЕО)

 
28/05/2020

Блогери зодаи Тоҷикистон Фахриддин Мирзомуродов, ки дар Ютуб бо тахаллуси «Бародари Тоҷик» видео нашр мекард, дар Маскав боздошт шудааст. Мақомоти тафтишотӣ ӯро бар асоси моддаи 207.1-и Кодекси ҷиноятии Русия ба нашри ахбори бардурӯғе, ки ба саломатӣ ва ҳаёти инсонҳо хатар дорад, айбдор мекунанд. Блогерро, тавре аз гузориши видеоии НТВ дида мешавад, дар мағозаи «Оптика», ки ӯ дар он айнак мефурӯхт, дастгир карданд. Бино ба иттилои тафтишот, «Бародари Тоҷик» дар як видеояш муҳоҷиронро тарсондааст, ки ба наздикӣ дар Русия ҳамаро ваксина мезананд, вале муҳоҷирон ба ҳеҷ ваҷҳ баваксина задан розӣ нашаванд, чунки ҳадафи ин ваксинзанӣ нобуд кардани мардуми ғайрирус аст. Дар видеои дигараш, ба гуфтаи тафтишот, ӯ хостори қатли прораб барои латтукӯби як коргари сохтмон шудааст. Ин ҳам гуфтанист, ки мақомоти интизомии Русия чандин вақт боз ба сӯи ин блогери тоҷик дандон тез мекарданд. Ӯ моҳи феврал дар назди масҷиди Маскав бо нирӯҳои ОМОН, ки ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро тафтиш мекарданд, ҷанҷол бардошта, гуфта буд, ки онҳо ҳаққи тафтиши ҳуҷҷатҳоро надоранд ва ин рейдашон ғайриқонунист.

 

Шабакаи телевизионии «НТВ»рӯзи 28 май хабар дод, ки пулиси Маскав бо кумаки СОБР блогери зодаи Тоҷикистон Фахриддин Мирзомуродовро бо иттиҳоми дар Интернет паҳн кардани ахбори бардурӯғ, таҳқири сокинони Русия ва даъват ба бетартибиҳо дастгир кардааст.

Тавре аз гузориши нашршуда дар барномаи «ЧП» бармеояд, блогери мутахаллис ба «Бародари Тоҷик»-ро дар мағозаи «Оптика», ки ӯ онҷо ба фурӯши айнак машғул буд ва блогашро дар Ютуб низ аз ҳаминҷо мебурд, дастгир кардаанд.

Бино ба гузориши НТВ, видеое, ки сабаби ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ ба зидди Мирзомуродов шуд, ба тозагӣ дар канали ӯ нашр шуд. Ӯ дар ин видео хабар медиҳад, ки бу зудӣ дар Русия ваксинатсия мегузаронанд, вале муҳоҷирон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба он розӣ шаванд, чунки ҳадафи ин ваксинатсия нобуд кардани тамоми мардуми ғайрирус аст: «Будут делать вакцинацию по всей России. Всех нерусских будут делать уничтожение. Не соглашайтесь ни на какую вакцинацию. Потому что вам ее сделают, иваш срок действия будет три-шестьмесяцев».

Блогерро ҳамчунин ба он айбдор мекунанд, ки дар як видеои дигараш аз мардум даъват мекунад луоби даҳони худро барои ташхиси коронавирус надиҳанд, чунки даҳҳо нафар тавассути луоб ба вирус сироят шудаанд. Як видеои дигар дар парвандаи Мирзомуродов даъват ба куштани прорабест, ки дар ҷараёни як ҷанҷоли маишӣ коргари сохтмонро латтукӯб кардааст.

НТВ мегӯяд, Фахриддин Мирзомуродов моҳи феврали соли равон дар назди масҷиди Маскав бо нирӯҳои ОМОН, ки ҳуҷҷатҳои муҳоҷиронро тафтиш мекарданд, вориди ҷанҷол шуда, иддао карда буд, ки ОМОН ҳаққи дар онҷо истодан ва тафтиши санадҳои намозгузоронро надорад.

 

УК РФСтатья 207.1. Публичное распространение заведомо ложной информации об обстоятельствах, представляющих угрозу жизни и безопасности граждан

(введена Федеральнымзакономот 01.04.2020N100-ФЗ)

Публичноераспространение под видом достоверных сообщений заведомоложнойинформации об обстоятельствах, представляющих угрозу жизни и безопасности граждан, и (или) о принимаемых мерах по обеспечению безопасности населения и территорий, приемах и способах защиты от указанных обстоятельств -

наказывается штрафом в размере от трехсот тысяч до семисот тысяч рублей или в размере заработной платы или иного дохода осужденного за период от одного года до восемнадцати месяцев, либо обязательными работами на срок до трехсот шестидесяти часов, либо исправительными работами на срок до одного года, либо ограничением свободы на срок до трех лет.

Примечание. Обстоятельствами, представляющими угрозу жизни и безопасности граждан, в настоящей статье признаются чрезвычайные ситуации природного и техногенного характера, чрезвычайные экологические ситуации, в том числе эпидемии, эпизоотии и иные обстоятельства, возникшие в результате аварий, опасных природных явлений, катастроф, стихийных и иных бедствий, повлекшие (могущие повлечь) человеческие жертвы, нанесение ущерба здоровью людей и окружающей природной среде, значительные материальные потери и нарушение условий жизнедеятельности населения.

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон