ҶАНОЗАИ СОҲИБКОРИ САХОВАТМАНДИ ТОҶИКРО АЗ РУСИЯ БА ВАТАН МЕБАРАНД

 
29/05/2020

Журналисти тоҷики муқими Русия Садбарг Боқиева хабар дод, ки ҷанозаи Шамсулло Сатторов, соҳибкори саховатманди тоҷикро рӯзи 27 май аз Иркутск ба Маскав фиристодаанд ва қарор аст, рӯзи 29 май ҷанозаро аз Маскав ба Душанбе бифиристанд. Шамсулло Сатторов васият карда будааст, ки ҷанозаашро дар Ватан бигӯронанд. Шамсулло Сатторови 47-сола рӯзи 26 май дар пайи як ҷарроҳӣ дар беморхонаи шаҳри Иркутски Русия аз бемории саратони майнаи сар вафот кард. Бародарон Сатторовҳо – зодаи деҳаи Хирманак, дар канори шаҳри Ҳисор, ки дар Русия тиҷорат доранд, бо саховатмандии худ машҳур буданд. Тоза рӯзи 16 май гузориш шуда буд, ки Давронҷон, Баҳромҷон, Убайдулло, Рустамҷон, Шамсулло ва Суҳробшо Сатторовҳо барои кормандони Маркази саломатии деҳоти Дучинора ва идораи ободонии шаҳри Ҳисор, дар маҷмӯъ барои 330 нафар аз Русия 16500 кг орд, 1650 кг биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кг шакар, 1650 кг макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ фиристодаанд. Сокинони Хирманак ва Дучинора мегӯянд, бародарон Сатторовҳо ба ҳамаи оилаҳои фақир дар ин деҳаҳо ҳамеша дасти ёрӣ дароз мекунанд ва бидуни ягон ҳамҳама. Онҳо халтаҳои орду зарфҳои равған ва дигар маводи рӯзгорро пушти дарвозаҳои ин оилаҳо мегузоштанд ва мегуфтанд, дар иваз дар ҳаққашон фақат дуо кунанд. Бисёриҳо навиштаанд, ки дасти хайри Шамсулло Сатторов буд, ки ҷанозааш дар мулки мусофират намонд ва Худованд корашро чунон дуруст кард, ки ӯ акнун барои абад ба Ватан бармегардад. Бармегардад, ки дар зери хоки маконе, ки хуни нофаш онҷо рехтааст, бихобад...

Sadbarg Bokieva

 

ОИДИ ФАВТИ БАРОДАРИ АЗИЗ САТТОРОВ ШАМСУЛЛО ХИКМАТУЛЛОЕВИЧ!
Раёсати чамъияти милли-фархангии ба номи "Хамватан"-и точикони вилояти Иркутски ФР ба диккати хамаи он шахсоне, ки нисбати оилаи саховатманду дастбахайри Ватан Сатторовхо мехру мухаббат ва хурмату эхтиром доранд, расониданиам, ки Шамсулло Сатторов рузи 26.05.2020, такрибан соати 12.00 нисфирузи дар яке аз беморхонахои шахри Ангарски вилояти Иркутск, баъди чарохати бенихоят вазнин (аз бемории саратон), ки дар муддати
зиёда аз як хафта ба хуш наомаданд, мутасифона вафот карданд. Баъди вафот, дар асоси маслихатхои чандтарафа дар иштироки бародарони марҳум, ба хулосае омадем, ки хамаи имкониятхоро истифода намуда, часади мархумро ба ватан гусел намоем. Барои ин мо пеш аз хама бо кормандони масъули Сафорати Чумхурии Точикистон дар ФР, намояндагии вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон дар шахрхои Москва ва Новосибирск, оиди ин масъала сухбату маслихатхо доир намудем. Ин хохиш ва таклифи мо аз тарафи онхо пурра дастгири ёфт. Баъд мо дар давоми ду руз тавонистем, ки тамоми корхои ташкилиро ба анчом расонида, бегохии хамин руз, яьне рузи 27 май марҳумро ба майдони хавоии шахри Иркутск оварда гуселонидем. Насиб бошад, субхи рузи 28-и май ба воситаи самолет аз Иркутск ба Москва ва рузи 29-и май бошад, самолет аз Москва ба Душанбе парвоз мекунад.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, пеш аз хама аз номи бародарони мархум ва аз номи Раёсати чамъият ба хамаи он шахсоне, ки дар ин кори хайр ба мо дасти кумак ва мадад расониданд, миннатдории самими изхор намоем. Инчунин ба кормандони Сафорати ЧТ дар ФР ва кормандони намояндагии вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии ЧТ дар шахрхои Москва ва Новосибирск, ки онхо ба мо кумаку ёрии аввалиндарачаро ташкил намуданд, хазорон маротиба изхори ташаккури самими баён мекунем.

 

Sadbarg Bokieva

Иркутск.26.05.2020.

Сад ҳайф,ки дар айни ҷавонӣ ,
Дар ҳасрати руи зиндагонӣ!
Ба оилаи номдору маъруфу дастбахайри Сатторовҳо нисбати аз бемории саратони майнаи сар,баъди ҷарроҳӣ дар беморхонаи Иркутск вафот кардани бародари саховатманду дастбахайру ватандусташон Шамсулло Сатторов дар синни 47-солагӣ аз номи кулли ҳамватанони дар ФР будаамон,аз номи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР,аз номи консулгарии ҶТ дар Новосибирск,аз номи намояндагии Вазорати меҳнат ,муҳоҷират вашуғли аҳолии ҶТ дар Россия ва Новосибирск ҳамдардӣ баён мекунем. Оилаи Сатторовҳо ҳамеша дар паи ободиву пешравии ватананд, чандин километр роҳҳо маҳз бо дастгирии ин бародарони саховатманд асфалтпуш карда шуда, оби нушокӣ бароварда шуда ҳамеша дасти хайру эҳсонашон барои эҳтиёҷмандону ятимону маюбон мерасад,хусусан дар ин шабу рузи густариши беморӣ бо дастгирии ин бародарон ба миқдори садҳо ҳазор сомонӣ ба садҳо табибону кормандони хоҷагии коммуналии шаҳри Ҳисор,ба беморхонаҳо,беморон, кумаки хайриявии либосҳои муҳофизатӣ,ниқобҳо,доруворӣ,маводи хурока ба миқдори зиёд расонида шуд ва шуда истодааст!Дар Федератсияи Россия ҳам баъди баста шудани сарҳадҳо маҳз оилаи Сатторовҳо дар якҷоягӣ бо дигар ҷавонмардони дастбахайр ба садҳо оилаҳои муҳоҷирон,муҳоҷирони меҳнатӣ,ба донишҷуйён,ба маюбон ҳам дар Иркутск ва ҳам дар Новосибирск кумаки калон расониданд.Худованд хайри оилаи маъруфи Сатторовҳоро ба даргоҳаш қабул кунаду ҷои бародари ормониашонро ҷаннати ҷовидон гардонаду боқимондаҳояшонро Худованди Раҳмону Раҳим дар паноҳи исмату амонаш тандурусту солим нигаҳбонашон бошад!
Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР,аз дафтари намояндагии Вазорати меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсия Россия ва дигар фаъолони ҷамъиятӣ дар Маскаву Новосибирску Иркутск боварии калон дорем,ки барои дар рузҳои наздиктарин ба Ватан бурдани майит ва кори хайр кумаки ҳамаҷониба расонида мусоидат мекунанд.
Зеро васияти худи Шамсуллои дастбахайру ободкор ба ватан бурданаш будааст! Дар ин лаҳзаҳои душвору вазнин дигар даст ёрои навиштану забон ёрои сухан карданро надорад!!! Худованд ҷоятро ҷаннати ҷовидон гардонад,Ҷавонмарди некукору боҳиммату ормонӣ Шамсулло Сатторов!

Sadbarg Bokieva

Раёсати чамъияти милли-фархангии ба номи Хамватани точикони вилояти Иркутски ФР, аз марги бемахали фарзанди боору номус ва саховатманду сарсупурдаи миллату халки точик Саторов Шамсулло Хикматуллоевич, аз дехаи Хирманаки шахри Хисор, ки хамаги 47 сол умр дошт, гамгин буда, даст ба дуо мебарем, ки ин бародари азизамонро худованди таъоло чояшро чаннату махфират гардонад ва ахли хонавода, наздикону дустони оилаи Саторовхо хамдардии самимиро изхор мекунем. Хамватанон, бародарону хохарони азиз, аз хамаи шумоён хохиш ва илтичо дорам, ки дар хакки ин фарзанди бахайру эхсони миллат дуои хайр кунед.

 

 

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон