Баъзе муҳоҷирони бозгаштаро баъди 3 рӯзи карантин ҷавоб додаанд

Бар асоси муқаррарот ҳар касе дар ин рӯзҳо аз берун ба Тоҷикистон омад, бояд 14 рӯз дар карантин бимонад.
Бар асоси муқаррарот ҳар касе дар ин рӯзҳо аз берун ба Тоҷикистон омад, бояд 14 рӯз дар карантин бимонад.

Мақомоти Тоҷикистон гурӯҳе аз муҳоҷирони бозгашта аз Русияро баъд аз се рӯзи карантин дар осоишгоҳе дар канори Душанбе ба хона ҷавоб додаанд. Дар ин бора як манбаи расмӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ хабар дод. Ӯ гуфт “шаҳрвандоне, ки аз боздоштгоҳи Русия оварданд, аст, ҳамагӣ се рӯз карантин карданд ва озмоиш гирифта ҷавоб доданд.

Яке аз ин муҳоҷирон, ки ба назди оилааш баргаштааст, гуфт, мақомот пас аз муайян шудани натиҷаи ташхис чунин тасмим гирифтанд. Фарҳод Салимов муҳоҷири тоҷики баргашта аз Русия, ки аз зодгоҳаш аз шаҳри Конибодом рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт: Се рӯз моро аз ташхис гузаронданд. Мо се моҳ дар боздоштгоҳи вижа будем ва дар берун набудем, ки гӯем, вирус ба мо сироят кардааст. Моро дар боздоштгоҳ ҳам омада, назорат мекарданд. Инҷо ҳам рӯзи якум озмоиш додем, натиҷаи ташхисҳо хуб буд, ҷавоб доданд”.

То ҳол вазорати тандурустӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.

Рузи 20-уми май ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр", ки бо як парвози ғайринақшавӣ ба Маскав рафт ва бо 213 шаҳрванди Тоҷикистон ба Душанбе баргашт. Мақомот гуфтанд, ин афрод онҳое буданд, ки бо қарори додгоҳҳо аз Русия бояд ихроҷ мешуданд ва барои ҳамин дар боздоштгоҳ онҳоро нигаҳ медоштанд.

Азбаски бар асоси муқаррарот, ҳар касе, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон омад, бояд ду ҳафта дар карантин ва таҳти муоина монад, зуд ҷавоб додани гурӯҳе аз муҳоҷирон суол ва шубҳа барангез аст. Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар посух ба суоли он ки онҳо мебоист, 14 рӯз дар карантин бимонанд гуфт: “Ба мо чизе нагуфтанд. Ҳамин се рӯз истодем. Ростӣ намедонам, ҳамаро ҷавоб доданд ё не. Чун муҳоҷирони баргашта дар чанд макон тақсим шуданд”.

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомот то кунун коронавируси нав ба бештар аз 2500 нафар сироят кардааст ва 44 нафар ҳам фавтидаанд. Ҳазор нафари дигарро муолиҷа карда ва ҷавоб додаанд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон