ҲУКМИ НАВИ ЯК МАҲБУСИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ БАРОИ ТАБЛИҒИ ДОИШ

 
07/05/2020

Додгоҳи ҳавзаи низомии марказии Русия маҳбуси зиндони ФКУ ЛИУ-6 зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон Шарипов Сайвалӣ, с.т. 09.11.1981-ро бар асоси қисми якуми моддаи 205.2-юми Кодекси ҷиноятии Русия бо ҷурми даъвати оммавии машбусон ба фаъолияти террористӣ ва сафед кардани терроризм иловатан ба ду солу ду моҳи зиндон маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи 6 май хадамоти матбуоти ФСБ вилояти Пенза хабар дод. Тафтишот мегӯяд, Сайвалӣ Шарипов дар телефонаш наворҳои видеоии созмони террористии дар Русия мамнӯи ДОИШ-ро сабт карда, ба маҳбусони дигар намоиш медод.

 

Хадамоти матбуоти ФСБ вилояти Пенза рӯзи 6 май хабар дод, ки кормандони ФСБ вилояти Пенза дар ҳамкорӣ бо мақомоти УФСИН – идораи зиндонҳо аз фаъолияти ғайриқонунии маҳбуси зиндони ФКУ ЛИУ-6 зодаи вилояти Хатлони Тоҷикистон Сайвалӣ Шарипов, с.т. 09.11.1981 пешгирӣ кардаанд.

Додгоҳи ҳавзаи низомии марказии Русия рӯзи 23 апрел Сайвалӣ Шариповро бар асоси қисми якуми моддаи 205.2-и Кодекси ҷиноятии Русия ба даъватҳои оммавии маҳбусони зиндони №6 ба фаъолиятҳои террористӣ ва дар мазҳари ом сафед кардани терроризм гунаҳкор шинохт ва ба ду солу ду моҳи зиндон маҳкум кард. Бар иловаи ҳукми қаблиаш Сайвалӣ Шарипов бояд акнун 5 соли дигарро пушти панҷара дар зиндони низомаш сангин ба сар барад.

Тафтишот мегӯяд, Сайвалӣ Шарипов ҳангоми дар зиндон қарор доштанаш, дар телефони мобили худ наворҳои видеоии созмони террористии дар Русия мамнӯи ДОИШ-ро сабт карда, ба маҳбусони дигар намоиш медод ва онҳоро ба пуштибонӣ аз ақидаҳои ДОИШ даъват мекард. Ташхиси лингвистикӣ дар ин наворҳо вуҷуд доштани аломатҳои таблиғи терроризмро собит кардааст.

Сайвалӣ Шарипов бори аввал 24 ноябри соли 2016 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Шёлковои вилояти Маскав барои даст доштан дар фаъолиятҳои террористӣ маҳкум ба зиндон шуда буд.

ФСБ гуфт, ҳукми нави зодаи Тоҷикистон алакай ҳукми қонун гирифтааст.


назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон