расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Тарифҳои нави равуо дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе

. / Ҷомеа

Тарифҳои нави равуо дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе

Тарифҳо барои хонандагону донишҷӯён ва дигар шаҳрвандон тақсим шудаанд.

Сурат: nm.tj
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нави роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе - автобусу троллейбусҳо қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, билети нимсолаи равуо дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои хонандагони мактабҳо 150 сомонӣ, донишҷӯён - 200 сомонӣ ва дигар шаҳрвандон - 300 сомонӣ муқаррар шудааст.
Билети яксолаи истифода аз ин навъи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт мутаносибан 200, 300 ва 500 сомониро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарифҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 марти соли 2018 дар Душанбе корти ягонаи Cityсard амал мекунад. Ин кортро дар терминал ва фурӯшгоҳҳо (киоскҳо)-и назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе харидан мумкин аст.
Нархи ҳадди ақали корти пластикии Citycard ба 7 сомонӣ баробар аст: 4 сомонӣ арзиши худи корт буда, маблағи боқимонда ба тавозуни корт мегузарад ва барои пардохти роҳкиро дар нақлиёт пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин тариқи терминалҳои ширкати Express Pay ба тавозуни корт метавон маблағ гузаронид.
Барои мусофироне, ки роҳкиро дар автобусу троллейбусҳоро тавассути экспресс корт (QR-Kod) пардохт мекунанд, тахфифҳо (камшавии нарх) пешбинӣ шудааст: барои донишҷӯёне, ки корти дорои беш аз 50 нишаст (равуо)-ро мегиранд, 30% тахфиф ва барои дигар мусофирон - 15% тахфифҳо.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.