Тибқи фармони президенти Русия Владимир Путин, то 15-уми июн муҳоҷирон дар қаламрави ин кишвар бе патент ва иҷозатнома кор карда метавонанд.

“Фармони мазкур ба муҳоҷирони тоҷик имкон медиҳад, ки бе қайд дар қаламрави Русия қарор дошта, бе патент кор кунанд. Онҳо мутаносибан маблағи патентро ҳам пардохт намекунанд. Аммо баъд аз 15-уми июн онҳо бояд маблағи патентро пардохт кунанд. Бархе аз шаҳрвандони мо барои якчанд моҳи оянда пули патентро пардохтаанд. Алҳол намедонем, ки дар ин хусус ҳукумати Русия сари чӣ хулоса меояд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов.

Ба гуфтаи ӯ, “фармони мазкур кафолатест ба он, ки муҳоҷирони дар ин давра пули патентро надода ё муҳлати онро тамдид накарда хориҷ намешаванд”.

“Ин фармон ба касоне, ки то 15-уми март дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ ҳузур дошта, маблағи патентро напардохтаанд, дахл надорад. Пас аз анҷоми муҳлат онҳо ҷазо гирифта метавонанд”, - таъкид дошт Сатторов.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шояд пас аз анҷоми муҳлати зикршуда муҳоҷирон ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, чунки фармон шарҳу тавзеҳ дода нашуда, матнаш номуайян мебошад.

“Мувофиқи моддаи 13.3 Қонуни ФР “Дар бораи мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР”, амали патент пас аз як рӯзи хотимаи пардохти маблағи он қатъ мешавад. Бале, тибқи фармони нав ин патент бекор нашуда, то 15-уми июн амал хоҳад кард. Илова бар ин, хориҷиён акнун метавонанд умуман бе патент кор кунанд”, - изҳор дошт ба “Азия-Плюс” сарвари иҷроияи Созмони ғайридавлатии ғайритиҷоратии “Субҳи ҷаҳон” Валентина Чупик, ки ба муҳоҷирон дар Русия кумаки ройгон мерасонад.

Аммо, ба гуфтаи ӯ, масъалаи чӣ гуна шудани патентҳои расмияташон анҷомёфта ё пулашон пардохтнашуда пас аз 15-уми июн ҳоло маълум нест.

“Доир ба ин масъала ман чизе гуфта наметавонам, зеро дар фармон дар ин бора чизе гуфта нашудааст. Шояд ногаҳон тавре шавад, ки то ин рӯз муҳоҷирон бе патент кор кунанду сипас онҳоро барои ҳамин кори бе патент хориҷ кунанд”, - қайд кард ӯ.

Дар саҳифаи сафорати Тоҷикистон дар Русия муҳтавои матни фармони Президенти Федератсияи Россия №274 аз 18-уми апрели соли 2020 “Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқӣ, тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар қаламрави Федератсияи Россия дар робита ба хавфи паҳншавии минбаъдаи сирояти коронавируси нав (COVID-19) нашр шудааст.

Дар он гуфта мешавад, ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, ки тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия раванди муҳлати будубоши муваққатӣ, иқомати доимӣ ва ё муваққатӣ барои он шаҳрвандони хориҷие, ки давраи аз 15 марти соли 2020 то 15 июни соли 2020-ро фаро мегирад, то ба охир расидани марҳалаи 90-рӯза боздошта мешавад.

Яъне дар марҳалаи муайяншудаи 90-рӯза, аз 15 март то 15 июни соли 2020, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон, метавонанд БЕ ТАМДИД НАМУДАНИ муҳлати бақайдгирӣ дар маҳалли иқомат, муҳлатҳои иҷозат барои кор, патент ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, муҳлатҳои иқомати доимӣ ва муваққатӣ (аз ҷумла, тамдиди иҷозати иқомати доимӣ / вид на жительство), дар қаламрави Федератсияи Россия иқомат ва кори худро идома диҳанд.  

Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷие, ки бе мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ворид шудаанд ва натавонистанд иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои бақайдгирии худро саривақт дастрас намоянд, дар давраи аз 15 март то 15 июни соли 2020 метавонанд бидуни бақайдгирӣ, гирифтани иҷозат ва патент фаъолияти меҳнатиро анҷом диҳанд.

Дар баробари ин, кортаъминкунандагон ва дигар муассисаҳое, ки барои фаъолияти меҳнатӣ шаҳрвандони хориҷиро қабул мекунанд, муваззаф ҳастанд, ки тартиботи ҷории Федератсияи Россия дар робита ба пандемияи коронавирусро риоя намоянд.

Дар ин робита бори дигар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорем, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашудаи кишвари иқомат, аз ҷумла. тартиботи вобаста ба он ҷоришударо комилан риоя намоед.

Дар сурати ба миён омадани мушкилот ва дигар саволҳои зарурӣ, шаҳрвандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Россия бо рақамҳои телефон ва адресҳои электронии интернетии зерин тамос гиранд:

ш. Москва:

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

 +7 (985) 740 02 12

 +7 (977) 487 89 64

 +7 (910) 443 63 35

tajembmoscow@mfa.tj

Facebook: @tajembassy.ru

ш. Санкт-Петербург:

+7 (961) 611 16 17

+7 (812) 490 47 46

tajgencons.piter@mfa.tj

ш. Уфа:

+7 (347) 276 52 96

+7(927) 231 71 71

+7(927) 945 65 66

tajconsufa@mfa.tj

ш. Екатеринбург:

+7 (343) 370 23 60

tajconsek@mfa.tj

ш. Новосибирск:

+7 (913) 487 38 22

+7 (383) 349 59 70

tajgencons.nsk@mfa.tj