ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ИГОР БУЗИН 5 РӮЗ БОЗ ДАР ФУРУДГОҲИ ҚАТАР ДАРМОНДААСТ (ВИДЕО)

 

Матбуоти Русия хабар дод, ки сокини шаҳри Санкт-Петербург Игор Бузин дар роҳи бозгашт аз истироҳат дар фурудгоҳи Давҳа, пойтахти Қатар дармондааст. Игор Бузин, ки дар Шари Ланка истироҳат мекард, мебоист рӯзи 26 март бо хатсайри Коломбо – Давҳа – Маскав ба Русия бармегашт. Ӯ бидуни мушкил аз Коломбо ба Давҳа расид ва дар инҷо ба ҳавопаймои роҳии Маскав савор шуд, вале ҳамаи мусофиронро аз ҳавопаймо пойин оварда, хабар доданд, ки фақат шаҳрвандони Русия метавонанд парвоз кунанд. Игор Бузин бо вуҷуди онки 9 сол боз дар Петербург зиндагӣ мекунад, то ҳол шаҳрванди Тоҷикистон будааст ва ӯро иҷозати парвоз надоданд. Бузин инак 5 рӯз боз дар фурудгоҳи Давҳа қарор дорад ва метарсад, ки фурудгоҳро мебанданд ва ӯро аз инҷо ҳам берун мекунанд.

Игор Бузин дар як видео қисса кардааст, ки баъди анҷоми истироҳаташ дар Шри Ланка рӯзи 26 март тавассути хатсайри Коломбо-Давҳа-Маскав ба хона бармегашт. Ӯ аз Коломбо то Давҳа бидуни мушкил парвоз кард. Дар Давҳа низ ба ҳавопаймои роҳии Маскав савор шуд, вале:

"Мо дар ҳавопаймо нишастем. Моро якуним соат нигоҳ доштанд ва сипас фароварда, ба фурудгоҳ бурданд. Намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ гуфт, ба Маскав танҳо онҳое парвоз карда метавонанд, ки шаҳрвандии Русияро доранд”, - нақл мекунад Игор Бузин.

Игор Бузин ҳарчанд 9 сол боз дар Петербург зиндагӣ мекунад, вале шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ба ин далел, вайро ба парвози Давҳа – Маскав роҳ надоданд ва Игор инак 5 рӯз боз дар фурудгоҳи пойтахти Қатар дармондааст.

Игор мегӯяд, ки бо сафорати Тоҷикистон дар тамос шуд ва вазъияташро фаҳмонд: "Маро шуниданд ва ваъдаи кумак доданд. Гуфтушунидҳое ҳам сурат гирифт, вале амалан ягон чиз то ҳол ҳал нашудааст”. Игор Бузин аз он дар ташвиш аст, ки агар фурудгоҳи Давҳаро бубанданд, ӯро аз ин ҷо ҳам берун мекунанд ва вай дигар намедонад, ки куҷо биравад?

Баста шудани марзҳо ва манъи парвозҳои байналмилалӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус боиси дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон, бештар аз ҳама дар Русия, ҳамчунин дар Олмон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои дигар дармондани садҳо шаҳрванди Тоҷикистон шудааст.

 

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон