ВИДЕО: МЕХОСТ ОШ ПАЗАД... БОЗДОШТИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК БАРОИ ШИКОРИ МУРҒОБӢ

Як ҷавони 22-солаи тоҷик бо номи Довудҷонро субҳи 29 март дар ноҳияи Пушикини шаҳри Санкт-Петербурги Русия барои шикори ғайриқонунии мурғобӣ дастгир кардаанд. Довудҷондар як сохтмон кор мекард ва аз як ҳавзи воқеъ дар канори ҷои кораш мурғобиеро бо санг зада, ба ҷои кораш овард. Лаҳзаи шикори мурғобӣ ва ба тарафи сохтмон рафтани ин ҷавонро як зани маҳаллӣ сабт карда, ба пулис хабар додааст. Кормандони пулис Довудҷонро дар ҷои кораш вақте дастгир карданд, ки сайдашро пӯст мекард. Ӯ ба кормандони пулис гуфтааст, ки мехост ош пазад.

Сомонаи 47news хабар дод, ки субҳи 29 март, соати тақрибан 11, як зани маҳаллӣ ба пулиси ноҳияи Пушкини шаҳри Санкт-Петербург муроҷиат кардааст. Ӯ гуфтааст, ки лаҳзаи чӣ гуна дар ҳавзи назди як сохтмон мурғобӣ шикор кардани як мардикорро сабт кардааст. Дар видео дида мешавад, ки ин муҳоҷири корӣ бо санг мурғобиро зада меафтонад ва сипас сайдашро гирифта, ба тарафи ҷои кораш меравад.

Кормандони пулис ба ҷои кори муҳоҷир омада, ӯро дар ҳоле пайдо карданд, ки сайдашро пӯст мекард. Маълум шудааст, ки ин ҷавон 22 сол дошта, Довудҷон ном дорад ва аз Тоҷикистон барои мардикорӣ омадааст. Ӯ ба кормандони пулис гуфтааст, ки мехост бо гӯшти ин мурғобӣ ош пазад.

Хабарнигори 47news Виктор Смирнов менависад, ки кормандони пулис ҳам корд ва ҳам мурғобиро мусодира кардаанд. Амали Довудҷон акнун ҳамчун шикори ғайриқонунӣ таҳти тафтиш қарор дорад.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон