Муҳоҷирони бандмондаи тоҷик дар фурудгоҳҳои Маскав. На роҳи рафтан, на ҷойи мондан. ВИДЕО


Ин аксро муҳоҷирон фиристоданд
Ин аксро муҳоҷирон фиристоданд

Даҳҳо муҳоҷири тоҷик мегӯянд, ки чаҳор рӯз боз дар фурудгоҳҳои Маскав банд мондаанд ва на имкони ба Тоҷикистон баргаштанро доранд, на дар Русия монданро. Онҳо аксаран аз ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ билет харидаанд. Ин ширкатҳо феълан иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро надоранд.

Оҷонси авиатсияи граждании Тоҷикистон аз 19-уми март ҳамагуна парвозҳоро аз хориҷа ба кишвар манъ кард. Аммо ногаҳонӣ рӯзи 20-уми март ҳавопаймоҳои “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” даҳҳо шаҳрванди Русияро аз Душанбе ба Маскав бурда, аз онҷо чанде аз муҳоҷиронро оварданд.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон навиштанд, ки парвози ҳавопаймоҳо бо дастури раиси ҷумҳур ва ба хотири овардани шаҳрвандон сурат гирифтааст. Муҳоҷирон мепурсанд, агар ҳадаф баргардондани шаҳрвандон аст, чаро даҳҳо нафари дигар дар фурудгоҳҳо бепулу ҷои хоб монданд? Ё ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" танҳо онҳоеро ба Тоҷикистон оварданд, ки билети ин ширкатҳоро харида буданд?

Мақомот қазияро пурра шарҳ намедиҳанд.

Рухсора Ҳакимова, як фаъоли муҳоҷирон дар шаҳри Маскав, рӯзи 21-уми март гуфт, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои “Внуково” ва “Жуковский” “бисёр бад аст”. Ба қавли Ҳакимова, шоми гузашта барои муҳоҷирон ғизои бепул бурданд ва зану кӯдаконро ҳам дар хобгоҳҳо ҷо ба ҷо карданд.

“Аҳволашон хуб нест. Дар замин хобанд. Азоб кашида истодаанд. Беҳад азоб кашида истодаанд. Баъзеашон мегӯянд, аз Санкт-Петербург омадаанд ва пуле надоранд, ки ба ҷои пешинаи худ баргарданд ё хонаеро ба иҷора гиранд”, - нақл кард Рухсора Ҳакимова.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ чандин муроҷиати видеоии муҳоҷирон нашр шудааст, ки аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд агар заррае ба муҳоҷирон арзиш қоил аст, онҳоро дар чунин шароити мушкил танҳо нагузорад. Дар чанд видеои дигар аз тоҷикони Маскав хоста шудааст, ки ба муҳоҷирони дармонда обу нон оранд ва ё ба ҳар роҳи дигар дастгирӣ кунанд.

Парвиз яке аз муҳоҷирон, ки дар фурудгоҳи “Шереметово” дармондааст, мегӯяд, бисёри онҳо ҷойи кор ва ҳуҷраҳояшонро супоридаанд ва намедонанд, ба куҷо раванд.

Хуршед, муҳоҷири дигар гуфт, онҳо бояд рӯзи 18-уми март аз Маскав ба шаҳри Бохтар парвоз мекарданд. Аммо ба гуфтаи ӯ, парвозҳо қатъ шуданд ва онҳо дар вазъияти баде қарор доранд. “Мардум бе ҷой ва гушнаву ташна, дар руйи кафели хунук хоб аст. Ҳамон нафареш, ки маблағ дорад, хона ба иҷора рафт. 200 нафар зиёд инҷо маҳкам аст. Ширкат мегӯяд, ҳавопаймои мо тайёр аст, танҳо аз тарафи Тоҷикистон иҷозат шавад, шуморо мефиристам”, -- гуфт ин муҳоҷир.

Мусоҳиби мо афзуд, шумори муҳоҷирони тоҷик, ки дар фурудгоҳи “Шереметово” дармондаанд аз 200 нафар бештар аст.

Ин шабу рӯз шикоятҳо аз дармондани шаҳрвандони Тоҷикистон на танҳо аз фурудгоҳҳои Русия, балки аз Истанбул низ мерасад. Як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, дар фурудгоҳи Истанбул дармондаанд, чун парвозҳо аз ин шаҳр ба Душанбе бекор карда шудааст.

Хабаргузории расмии Ховар навишт, ки бо дархости ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии “Fly Dubai” соати чоруними субҳи 21-уми март 150 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Дубай ба Душанбе расондааст.

Дар ҳамин ҳол як мақом дар бахши авиатсияи Тоҷикистон рӯзи 21-уми март бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дастури ногаҳонии қатъи парвозҳо “онҳо ва ширкатҳоро дар ҳолати сардаргумӣ” гузоштааст.

“Дар ҳоле, ки зарур буд, ақаллан ду ё се рӯз муҳлат медоданд, то ширкатҳо тавонанд мусофирони худро ба Тоҷикистон оранд ва ҳам фурӯши билетҳоро қатъ кунанд. Ҳоло ширкатҳо маблағи мусофиронро барнамегардонанд, чун парвозҳо бо айби онҳо қатъ нашудааст,”- афзуд ин ҳамсуҳбати мо.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон